Дар ноҳияи Темурмалик асарҳои Пешвои миллатро ба хонандагон муаррифӣ карданд

Ноябрь 26, 2016 09:42

Темурмалик, 26.11.2016 /АМИТ «Ховар»/. Дар гимназияи давлатии ноҳияи Темурмалик муаррифии ду асари Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон- «Чеҳраҳои мондагор» ва «Забони миллат- ҳастии миллат» доир гардид. Дар ҳамоиши мазкур роҳбарияти Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия, директорони муассисаҳои таълимӣ ва роҳбарони корхонаю ташкилот иштирок намуданд.

Зикр шуд, ки асарҳои Асосгузори сулҳу Вахдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар асоси маъхазҳои таърихӣ навишта шуда, аз пайдоишу ташаккули миллати тоҷик, забони тоҷикӣ ва фаъолияти фарзандони баруманди халқи тоҷик, ки дар давраҳои  гуногун илмҳои ҷаҳониро ривоҷу равнақ бахшидаанд, нақл мекунанд.

Ҷалолиддин Сафарзод, сармутахассиси бахши фарҳанги ноҳия ба хабарнигори АМИТ «Ховар» изҳор намуд, ки «асарҳои мазкур пурарзиш буда, ҳар як хонанда зимни хондани онҳо дар бораи таърихи мардуми тоҷик дар тӯли асрҳо огоҳӣ меёбад».

Иштирокдорони ҳамоиш пешниҳод  карданд, ки асарҳои «Чеҳраҳои мондагор» ва «Забони миллат- ҳастии миллат» дар тамоми муассисаю ташкилот муаррифӣ гарданд.

 

Ноябрь 26, 2016 09:42

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон санади муҳиму сарнавиштсоз барои миллати тоҷик аст