Дар Қоҳира ба истиқболи Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон мусобиқаи футбол доир шуд
Душанбе, 8.11.2016. /АМИТ «Ховар»/. 5 ноябр дар Қоҳира бо иштироки шаҳрвандони тоҷики муқими Миср мусобиқаи футбол сурат гирифт, ки онро Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Арабии Миср ба истиқболи 22-юмин солгарди рӯзи қабули Конститутсияи кишвар баргузор намуд.
Дар маросими ифтитоҳ дипломатҳои Сафорат ширкаткунандагони мусобиқаи футболро ба муносибати ин ҷашни кишвар табрик намуданд.
Дар мусобиқа даҳ даста иштирок карда, ба дастаҳои пирӯз, инчунин ба дарвозабон ва ҳамлагари беҳтарин аз номи Сафорат ҷоизаҳои махсус тақдим гардиданд.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






