Дар вилояти Суғд фаъолият оид ба эҳёи адрасу атласбофӣ ва дигар ҳунарҳои халқӣ ҷоннок карда мешавад
Душанбе, 4.11.2016 /АМИТ «Ховар»/. Бо мақсади эҳё ва рушди ҳунарҳои халқӣ, инкишофи қобилияти зеҳнию эҷодӣ ва истеъдоди шаҳрвандон, қонеъ гардонидани хоҳиш, эҳтиёҷоти маънавӣ ва талаботи онҳо ба интихоб ва аз бар кардани касб дар вилояти Суғд Муассисаи давлатии «Маркази эҳё ва рушди атласу адрасбофии дастӣ ва дигар ҳунарҳои халқӣ» таъсис дода мешавад.
Тавре аз хадамоти матбуоти вилояти Суғд ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, Муассисаи давлатии «Маркази эҳё ва рушди атласу адрасбофии дастӣ ва дигар ҳунарҳои халқӣ» барои рушд ва ҳамоҳанг намудани фаъолият оид ба эҳёи адрасу атласбофӣ ва дигар ҳунарҳои халқии шаҳрвандон, омӯзонидани касб, қонеъ гардонидани шавқу завқ бобати таъмин бо ашёи хом, ташкили нуқтаҳои фурӯши маҳсулоти ҳунармандон ба марказҳои таълимӣ, таълимӣ-истеҳсолӣ ва муассисаҳои касбомӯзию истеҳсолӣ мусоидат менамояд.








Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад






