Дар вилояти Суғд истеҳсоли ангишт 1,5 баробар афзудааст
Хуҷанд, 12.11.2016. /АМИТ «Ховар»/. Ангиштканони кони калонтарини вилояти Суғд- «Фон – Яғноб»-и ноҳияи Айнӣ давоми 10 моҳи соли равон 552,4 ҳазор тонна ангишт истихроҷ намуданд, ки ин рақам дар муқоиса бо ҳамин давраи соли гузашта 64,4 ҳазор тонна зиёд буда, 113,2 фоизро ташкил медиҳад. Тавре мудири шуъбаи энергетика ва саноати мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд Озифхон Шарифзода ба хабарнигори АМИТ «Ховар» хабар дод, дар ин давра нишондиҳандаи баландтарини суръати афзоиши истихроҷи ангишт аз байни нуҳ кони ангишти вилоят ба корхонаи хурдакаки «Ғузн»-и ноҳияи Кўҳистони Мастчоҳ рост омад. Корхонаи мазкур ҳамагӣ 2,2 ҳазор тонна ангишт истихроҷ карда бошад ҳам, лек суръати афзоиши он нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 454,2 фоизро ташкил дод.
Дар умум давоми 10 моҳи соли равон аз ҷониби ангиштканони конҳои ангишти вилоят 989,9 ҳазор тонна ангишт истихроҷ карда шудааст, ки ин нишондод нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 345,2 ҳазор тонна ё худ 1,5 маротиба зиёд мебошад.








МегаФон Тоҷикистон: МегаҚувва гигабайтҳоро дучанд менамояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Ҳамкории Тоҷикистон ва Созмони ҳамкории иқтисодӣ баррасӣ гардид
Дар Кумитаи хоҷагии манзилию коммуналӣ бахшида ба Рӯзи Президент чорабинии тантанавӣ баргузор гардид
Дар шаҳри Панҷакент маркази хизматрасонӣ ва тарабхона ба истифода дода шуд
Дар Кӯлоб барои омодагӣ ба ҳолатҳои фавқулода ҷаласа доир шуд
Бахшида ба Рӯзи Президент дар шаҳри Бӯстон Рӯзи дарҳои кушод доир гардид
ПАНҶАКЕНТИ ҚАДИМ. Оид ба омӯзиши он конференсияи илмӣ баргузор шуд
Дар шаҳри Панҷакент фаъолияти корхонаҳои саноатӣ тақвият меёбад






