Дар вилояти Суғд истеҳсоли ангишт 1,5 баробар афзудааст

Ноябрь 12, 2016 10:50

Хуҷанд, 12.11.2016. /АМИТ «Ховар»/. Ангиштканони кони калонтарини вилояти Суғд- «Фон – Яғноб»-и ноҳияи Айнӣ давоми 10 моҳи соли равон 552,4 ҳазор тонна ангишт истихроҷ намуданд, ки ин рақам дар муқоиса бо ҳамин давраи соли гузашта 64,4 ҳазор тонна зиёд буда, 113,2 фоизро ташкил медиҳад. Тавре мудири шуъбаи энергетика ва саноати мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд Озифхон Шарифзода  ба хабарнигори АМИТ «Ховар» хабар дод, дар ин давра нишондиҳандаи баландтарини суръати афзоиши истихроҷи ангишт аз байни нуҳ кони ангишти вилоят ба корхонаи хурдакаки «Ғузн»-и ноҳияи Кўҳистони Мастчоҳ рост омад. Корхонаи мазкур ҳамагӣ 2,2 ҳазор тонна ангишт истихроҷ карда бошад ҳам, лек суръати афзоиши он нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 454,2 фоизро ташкил дод.

Дар умум давоми 10 моҳи соли равон аз ҷониби ангиштканони конҳои ангишти вилоят 989,9 ҳазор тонна ангишт истихроҷ карда шудааст, ки ин нишондод нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 345,2 ҳазор тонна ё худ 1,5 маротиба зиёд мебошад.

Ноябрь 12, 2016 10:50

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
ОЯНДАИ ФУТБОЛ АЗ ҲОЛО ОҒОЗ МЕЁБАД. Дар Тоҷикистон мусобиқаи васеъмиқёси кӯдакона анҷом ёфт
ZET-MOBILE иқдоми нав оғоз намуд: тарофаҳои «SUPER Қувва» бо тахфифи 50%
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 12 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
«Ибни Сино ва Абубакри Розӣ — нобиғаҳои тамаддуни башарӣ». Дар Душанбе таҳти ин унвон ҳамоиш доир гардид
Дар Душанбе Ҷаласаи Комиссияи байнидавлатӣ оид ба рушди устувори кишварҳои Осиёи Марказӣ баргузор гардид
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 15 дараҷа гарм мешавад
Дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон конференсияи илмӣ-назариявӣ баргузор шуд
Дар Суди конститутсионии Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи Конститутсия маҷлиси тантанавӣ доир гардид
Дар Агентии ҳифзи меъроси таърихию фарҳангӣ 31-солагии Конститутсияи Тоҷикистонро таҷлил намуданд