Дастгир шудани шаҳрвандони Осиёи Миёна, ки қасди содир намудани амалҳои террористӣ дар Русия ва Осиёи Миёнаро доштанд

Ноябрь 14, 2016 10:35

predotvrashhenie-teraktovДушанбе, 14.11.2016 /АМИТ «Ховар»/. Дар натиҷаи амалиёти якҷояи кормандони мақомоти корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Федератсияи Русия, Ҷумҳурии Қирғизистон ва Хадамоти Федеролии амният (ФСБ), дар шаҳрҳои Маскав ва Санкт-Петербург 12 шаҳрванди Осиёи Миёна, ки қасди содир намудани амалҳои террористиро дар Федератсияи Русия ва қаламрави Осиёи Миёна доштанд, дастгир шуданд.
Бино ба иттилои хадамоти матбуоти ВКД, дар натиҷаи гузаронидани маҷмӯи чорабиниҳои фаврӣ-ҷустуҷӯӣ аз тарафи мақомоти корҳои дохилӣ муайян шуд, ки шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон И.К., сокини ноҳияи Турсунзода, дар давлати Сурия дар ҷанги муқобили сохти конститутсионии давлати Сурия иштирок карда, ҳамзамон хешу табор ва дигар шаҳрвандонашро аз Осиёи Миёна ба гурӯҳи террористии ДОИШ ҷалб мекард.
Дар натиҷаи чорабиниҳо бародари ӯ И.Ҷ., ки мехост барои дар амал татбиқ намудани амалҳои террористӣ ва иштирок дар низоъҳои мусаллаҳонаи давлати Сурия бо супоришҳои аз бародараш гирифта ба давлати Сурия сафар намояд, дар фурудгоҳи шаҳри Маскави Федератсияи Русия аз тарафи кормандони мақомоти корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Русия дастгир карда шуда, ба Ватан баргардонида шуд.
Аз дастгиршудагон миқдори зиёди маводи тарканда ва силоҳи оташфишон дарёфт ва мусодира карда шуд.
Барои халал ворид накардан ба ҷараёни тафтишоти пешакӣ мақомоти корҳои дохилӣ аз овардани ному насаби онҳо худдорӣ менамоянд.
Кормандони ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон аввалин шуда ба ҳаммаслаки ин гурӯҳ баромада тавонистанд ва дар бораи ҳамаи аъзои гурӯҳ маълумот гирифтанд. Пас аз он маълумот ба ҳамкорони Хадамоти Федеролии амнияти (ФСБ) Федератсияи Русия пешниҳод гардиданд.

Ноябрь 14, 2016 10:35

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Раиси вилояти Хатлон дар Қазоқистон бо ҳамватанон ва соҳибкорони тоҷик вохӯрӣ намуд
Дар марказҳои таълимии шаҳри Кӯлоб аз рӯи 52 касбу ихтисос мутахассис омода карда мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 33 дараҷа гарм мешавад
Дар Коллеҷи омори шаҳри Ваҳдат ба муносибати қабули ташаббуси навбатии ҷаҳонии Тоҷикистон ҳамоиши илмӣ баргузор шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
ВАҲДАТИ МО КОХИ ПИРӮЗИИ МОСТ! Мулоҳизаҳои Шоири халқии Тоҷикистон Камол Насрулло
Ҳар як шаҳрванд бояд дарк намояд, ки мубориза бо коррупсия танҳо вазифаи мақомоти ҳифзи ҳуқуқ нест
Дар Бохтар бахшида ба қабули Даҳсолаи байналмилалӣ оид ба таҳкими сулҳ аксияи ҳизбии «Тақдими варақаҳои иттилоотӣ ба сокинон» баргузор шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 38 дараҷа гарм мешавад
Дар Варзоб Конфренсияи илмӣ-амалии «Ваҳдати миллӣ – шукуфоии Ватан мебошад» баргузор шуд
Дар дастгоҳи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон бахшида ба Рӯзи Ваҳдати миллӣ ҳамоиш баргузор гардид