Дидори сафири Тоҷикистон бо ройзани Раисҷумҳури Миср
Душанбе, 08.11.2016. /АМИТ«Ховар»/. 5 ноябри соли равон Ройзани Раиси Ҷумҳурии Арабии Миср дар умури амнияти миллӣ Фоиза Абуннаҷо дар дафтари кории худ дар Қасри Иттиҳодия Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Қоҳира Хусрав Нозириро ба ҳузур пазируфт. Дар мулоқот пиромуни ҳолати кунунӣ ва дурнамои густариши муносибатҳои ҳамкорӣ байни ду кишвар дар соҳаҳои гуногун, аз ҷумла масъалаҳои дигари байналмилалӣ ва минтақавии мавриди эҳтимоми тарафайн табодули афкор сурат гирифт.
Қобили зикр аст, ки Фоиза Абуннаҷо ба сифати Вазири ҳамкории байналмилалии Миср раёсати ҳайати кишвари худро дар ҷараёни нахустин иҷлосияи Комиссияи муштараки байниҳукуматии Тоҷикистону Миср роҷеъ ба ҳамкории иқтисодӣ, илмӣ ва фаннӣ, ки дар Душанбе 25-27 январи 2009 баргузор гардида буд, бар дӯш дошт.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






