Додозода: «Намояндагони Тоҷикистон дар доираи «Ҷаҳони боз» ба Амрико рафтаанд, на ҳамчун нозир»
Душанбе, 04.11.2016/АМИТ «Ховар»/. Интизор меравад, ки намояндагони Тоҷикистон бо ҷараёни баргузории интихоботи президентӣ дар Амрико, ки 8 ноябри соли равон доир мегардад, шинос шаванд.
Бо таъиди ин матлаб, Абдуманнон Додозода, роҳбари Дастгоҳи Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии /КМИР/ Ҷумҳурии Тоҷикистон дар суҳбат ба хабарнигори АМИТ «Ховар» гуфт: «Ҳайати Тоҷикистон, ки аз намояндагони ҷомеаи шаҳрвандӣ ва сармутахассиси КМИР Далер Сафаров иборат аст, на ҳамчун нозир, балки дар доираи барномаи «Ҷаҳони боз» ба Амрико сафар намуданд».
Ҳайати Тоҷикистон муддати ду ҳафта- то 12 ноябр дар иёлоти Вашингтон ва Вирҷинияи Амрико бо ҳаёти сиёсию ҷамъиятии ин кишвар шинос мегарданд.
Хотиррасон менамоем, ки 8 ноябр дар Амрико чорабинии муҳими сиёсӣ- 58-умин интихоботи президентӣ баргузор мегардад, ки дар он ду номзад ба мансаби президентӣ- Ҳиллари Клинтон, собиқ котиби давлатии Амрико, намоянда аз Ҳизби демократҳо ва миллиардер Доналд Трамп аз Ҳизби ҷумҳурихоҳон барои мушарраф гаштан ба курсии Президенти Амрико мубориза мебаранд.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа






