Дониш талабу бузургӣ омӯз! Идомаи даъватҳо ба Китобхонаи миллии Тоҷикистон
Душанбе, 04.11.2016. /АМИТ «Ховар»/. Дирӯз кормандони Китобхонаи миллии Тоҷикисон (КМТ) бо мақсади даъват ба китобхона, ки чанд моҳ инҷониб дар макотиби миёнаву олии кишвар идома дорад, ба мактабҳои № 36, 39 ва 49-и ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе рафтанд. Дар ин бора аз Китобхонаи миллии Тоҷикистон ба хабарнигори АМИТ «Ховар» хабар доданд.
Маъмурияти мактабҳо ин иқдоми Китобхонаи миллиро шоистаи дастгирӣ дониста, иброз намуданд, ки чунин барномаҳо барои ояндаи толибилмон таъсири хуб мегузоранд.
Кормандони КМТ хонандагонро бо шароити Китобхона ошно карда, ба онҳо дар бораи толорҳои хониш, теъдоди китобҳо ва маҳфилҳое, ки дар ин боргоҳи илму маърифат баргузор мегарданд, нақл намуданд.
Чун анъана дар поёни суҳбат ва анҷоми табодули афкор аз ҷониби масъулин ба хонандагон варақаву китобчаҳои таблиғотӣ тақсим карда шуданд.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа






