Ф.Баротзода: «Ба омӯзиши мероси маънавии ниёгон аҳамияти махсус зоҳир намудан судманд аст»

Ноябрь 9, 2016 15:37

Душанбе, 09.11.2016 /АМИТ «Ховар»/. «Мураккаб шудани вазъияти сиёсӣ дар Ховари миёна ва суиистифода аз арзишҳо ва муқаддасоти дини ислом боис гардид, ки ба омӯзиши мероси маънавии ниёгон дар сатҳи роҳбарияти олии сиёсии кишвар таваҷҷуҳ зоҳир карда шавад»,- изҳор дошт имрӯз зимни конфронси илмӣ- амалии ҷумҳуриявӣ «Нақши мероси ниёгон дар гуфтугӯи фарҳангҳо» Файзулло Баротзода, директори Маркази исломшиносӣ дар назди Президенти Ҷуҳурии Тоҷикистон.
Сиёсати созандаи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доир ба эҳёи илму маорифи ватанӣ, нашр ва дастраси хонандагон гардонидани осори адабию таърихӣ, таълимоти арзишманди миллию мазҳабӣ ва ба ин васила, баланд бардоштани маърифати фарҳангӣ- ҳуқуқӣ ва динии ҷомеа дар сатҳи минтақавӣ ва ҷаҳонӣ эътироф шудааст.
Файзулло Баротзода ҳачунин иброз дошт, ки «аҳамияти махсус зоҳир намудан ба омӯзиши мероси маънавии ниёгон аз чанд ҷиҳат судманд буда, ҳузури илман асосноки мероси маънавӣ, бахусус адабиёти илмӣ- мазҳабӣ барои амнияти фарҳангӣ, паст кардани шиддати ифротгароӣ ва тундгароии динӣ мусоидат мекунад ва шавқу завқи муҳаққиқони ҷавонро ба омӯзиши нусхаҳои хаттӣ бедор карда, фарҳанги гузаштаро бо фарҳанги имрӯза тавъам менамояд».
Ба андешаи Худобердӣ Холиқназар, директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти кишвар, дар ҷаҳони имрӯза тоҷиконро бо осори бузурги фарҳангияшон мешиносанд.
«Дар кишварҳои бузург, ба мисли Амрико на танҳо осори Ҷалолиддини Балхиро медонанд ва мехонанд, балки маҳфилҳои зиёде баргузор менамоянд, ки он ҷо махсус маснавихонӣ аст», -гуфт мавсуф ва афзуд, ки «мутаасифона дар мо маҳфилҳои маснавихонӣ ва шоҳномахонӣ мавҷуд набуда, моро лозим меояд, ки ин гуна маҳфилҳоеро, ки солҳои пеш фаъолият мекарданд, аз сари нав эҳё намоем. Ба онҳо ҷавононро бештар ҷалб намоем, то онҳо аз осори гузаштагон огоҳ шаванд».

Ноябрь 9, 2016 15:37

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок мешавад
Паҳлавонони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба кураш соҳиби шаш медал гардиданд
Ба ифтихори Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳамоишҳо баргузор мегарданд
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар Чэнду бо дастаҳои Кореяи Ҷанубӣ, Чин ва Ветнам бозӣ мекунад
Дар Хатлон Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои мошингарди минтақаи Ҳисор ба зимистон омода мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст