Фестивали байналмилалии «Диёри ҳусн» барои ҷалби ҷавонон ба ҳунари миллӣ мусоидат менамояд
Душанбе, 28.11.2016 /АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳри Душанбе 10-умин Фестивали анъанавии байналмилалии ҳунар ва муд «Диёри ҳусн» ва Фестивали ҷумҳуриявии «Ҷилваи ҳусн» ҷамъбаст гардиданд. Дар ин бора аз Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.
Ҷашнвора аз 24 то 27 ноябр идома ёфта, барои иштирок дар он косибон ва ҳунармандони зиёде аз ҷумҳуриҳои Афғонистон, Эрон, Ӯзбекистон, Қазоқистон, Қирғизистон, инчунин аз дигар минтақаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шаҳри Душанбе омада буданд.
«Намоиши мазкур барои ҷалб кардани ҷавонон ба ҳунари миллӣ ва ба ин васила ба насли оянда мерос гузоштани он мусоидат менамояд. Хуб мешуд, ки дар кишварамон чунин фестивалҳо бештар гузаронида шаванд, то мо тавонем либоси миллиамонро тарғиб кунем»,- иброз дошт Шаҳло Набизода, раиси бахши кор бо занон ва оилаи шаҳри Душанбе
Дар доираи фестивал намоиши маҳсулоти ҳунармандон аз кишварҳои номбурда, намоиши муди либосҳои миллии тоҷикӣ ва Осиёи Марказӣ, дарсҳои сайқали маҳорат, конфронс дар мавзӯъҳои гуногун, аз қабили ҳунармандӣ, саёҳат ва нақши зан дар рушди он ва намоишҳои консертӣ баргузор гардиданд.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа






