«Фурӯғи ишқ» рӯнамоӣ шуд

Ноябрь 5, 2016 11:47

Душанбе, 05.11.2016. /АМИТ «Ховар»/. Дар Китобхонаи вилоятии ба номи Тошхоҷа Асирӣ бо ташаббуси бахши суғдии Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон романи тозанашри нависанда Маъруф Бобоҷон таҳти унвони «Фурӯғи ишқ» рӯнамоӣ шуд. Дар ин бора аз Хадамоти матбуоти раиси вилояти Суғд ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.
Шоири халқии Тоҷикистон Аҳмадҷон Раҳматзод бо таъкиди он ки тӯли 25 соли Истиқлолият асарҳои адабиву илмии адибону муҳаққиқони кишвар, аз ҷумла навиштаҳои аҳли қалами вилояти Суғд бо сатҳу сифати баланд нашр гардиданд, маҳфилро оғоз карда, иброз дошт, ки: «Дар ин радиф Маъруф Бобоҷон ҳамчун нависандаи сермаҳсул тайи чанд соли охир ба таълифи ду роман ва як повест ноил шуд».
Дар бахши гузоришу маърӯзаҳои илмӣ устодони забоншиносу адабиётшинос доир ба мӯҳтавои романи «Фурӯғи ишқ» андешаҳои худро баён намуданд.

Ноябрь 5, 2016 11:47

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд