Гузашти низомӣ бахшида ба Рӯзи милитсияи тоҷик

Ноябрь 9, 2016 10:29

Душанбе, 09.11.2016. /АМИТ «Ховар»/. Дар қисми низомии 3501-и Раёсати қӯшунҳои дохилии ВКД дар шаҳри Хуҷанд ба муносибати Рӯзи милитсия гузашти низомии мақомоти корҳои дохилии вилояти Суғд баргузор гардид, ки дар он кормандони дастгоҳи марказии Раёсат, шуъбаҳои Вазорат дар шаҳру ноҳияҳо ва ҷузъу томҳои ВКД дар вилояти Суғд иштирок намуданд.
Тавре аз РВКД хабар доданд, дар маросими гузашти низомӣ сардори РВКД дар вилояти Суғд генерал-майори милитсия Назарзода Шариф Раҳмон суханронӣ намуда, номаи табрикотии Вазири корҳои дохилӣ генерал-лейтенанти милитсия Рамазон Раҳимзодаро ба муносибати Рӯзи милитсия ба самъи ҳайати шахсии мақомот расонид.
Сардори раёсат Шариф Назарзода аз дастовардҳои милитсияи тоҷик дар даврони 25 соли Истиқлолияти давлатӣ ёд карда, иброз намуд, ки «таъмини тартиботи ҳуқуқӣ ва қонуният, ҳифзи ҳаёти осоиштаи шаҳрвандон вазифаи боифтихор ва масъулиятнок буда, ҷомеа ва давлат ин вазифаҳоро ба дӯши мақомоти милитсия вогузор намудаанд».
Сипас, тибқи оини низомиён фармондеҳи гузашти низомӣ подполковники милитсия Бахтиёр Ҳошимов ба сардори РВКД дар вилояти Суғд генерал-майори милитсия Шариф Назарзода оид ба омода будани ҳайати шахсии мақомоти милитсия ба гузашти низомӣ гузориш дод.

Ноябрь 9, 2016 10:29

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар шаҳри Панҷакент фаъолияти корхонаҳои саноатӣ тақвият меёбад
Дар Тоҷикистон масоҳати хонаҳои истиқоматӣ бештар гардидааст
Дар шаҳри Кӯлоб бахшида ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Мардуми ноҳияи Рашт дар симои Пешвои миллат наҷотбахши миллату давлат, кафили сулҳу ваҳдат ва эҳёгари фарҳанги миллиро мебинанд
Таҳти унвони «Нақши Пешвои миллат дар ташаккул ва рушди фарҳанги миллӣ» конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Бахшида ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Коллеҷи омори шаҳри Ваҳдат конференсияи ҷумҳуриявӣ доир гардид
«ПРЕЗИДЕНТ — КАФИЛИ ДАВЛАТИ ҲУҚУҚБУНЁДУ ДЕМОКРАТӢ». Дар ин мавзуъ конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон туман мефарояд
Ба ифтихори Рӯзи Президент дар деҳоти ноҳияи Ёвон чорабиниҳои сиёсию маърифатӣ баргузор мегардад
АБАРМАРДЕ, КИ ДАВЛАТРО БИНО КАРД. Ба ифтихори Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Байни Тоҷикистон ва Агентии ҳамкории байналмилалии Ҷопон Созишномаи грантӣ ба имзо расид