Имрӯз дар Душанбе ҳаво тағйирёбанда ва бебориш мешавад

Ноябрь 10, 2016 09:41

Душанбе, 10.11.16. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар қаламрави кишвар ҳаво тағйирёбанда ва бебориш мешавад.
Тавре ба АМИТ «Ховар» мутахассисони Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон хабар доданд, дар Душанбе ҳавои тағйирёбандаи бебориш дар назар дошта шуда, ҳаво шабона 1-3, рӯзона 17-19 дараҷа гарм мешавад.
Ҳаво дар ғарби Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон шабона 1-6 дараҷа хунук, рӯзона 12-17 дараҷа гарм, дар шарқи ин вилоят шабона 11-16 дараҷа хунук шуда, рӯзона 5 дараҷа гармӣ дар назар дошта шудааст.
Дар вилояти Хатлон ҳарорати ҳаво дар водиҳо шабона 3-8, рӯзона 14-19 дараҷа гарм хоҳад шуд.
Дар вилояти Суғд ҳаво шабона 5, рӯзона 12-17 дараҷа гармиро ташкил медиҳад.
Дар ноҳияҳои тобеи марказ ҳавои тағйирёбандаи бебориш дар назар дошта шуда, дар баландии беш аз 1000 метр эҳтимоли боридани барф вуҷуд дорад. Ҳаво шабона 1-6 дараҷа, рӯзона 14-19 дараҷа гарм мешавад.

Ноябрь 10, 2016 09:41

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд