Имрӯз дар Наврӯзгоҳи пойтахт 10-умин Фестивали анъанавии байналмилалии ҳунар ва муд- «Диёри ҳусн» оғоз мешавад
Душанбе, 25.11.2016 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз, 25 ноябр дар Муассисаи давлатии «Наврӯзгоҳи пойтахт» 10-умин Фестивали анъанавии байналмилалии ҳунар ва муд «Диёри ҳусн» ва Фестивали ҷумҳуриявии «Ҷилваи ҳусн» ифтитоҳ мегарданд.
Тавре аз Вазорати фарҳанги кишвар ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, дар маросими ифтитоҳ, ки соати 14:00 оғоз мешавад, намоиши муди тарроҳони тоҷик ва барномаҳои консертӣ дар назар дошта шудааст.
«Фестивал то 27 ноябр идома ёфта, барои иштирок дар ҷашнвора зиёда аз 150 ҳунарманд аз давлатхои гуногун ба шаҳри Душанбе омадаанд. Иштирокчиёни хориҷиву ватанӣ маҳсулоти худро дар Фестивал ба намоиш мегузоранд. Ин баҳри давом додани анъанаҳои Роҳи Бузурги Абрешим замина фароҳам меорад»,- иттилоъ дод манбаъ.
Фестивали байналмилалии «Диёри ҳусн» бо мақсади рушди бозори касбу ҳунар, санъат, нигоҳдории анъанаҳои миллӣ дар кишварамон доир гардида, ба 25-умин солгарди Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида шудааст.
Ташкилкунандагони фестивал Вазорати фарҳанги Чумҳурии Тоҷикистон, Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, Ҷамъияти Осиёи Марказӣ оид ба дастгирии ҳунарҳо «CACSA», Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Фонди байналмилалии ҳунармандони Тоҷикистон «Ҳафт пайкар» ва Муассисаи давлатии «Наврӯзгоҳи пойтахт» мебошанд.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок мешавад
Паҳлавонони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба кураш соҳиби шаш медал гардиданд
Ба ифтихори Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳамоишҳо баргузор мегарданд
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар Чэнду бо дастаҳои Кореяи Ҷанубӣ, Чин ва Ветнам бозӣ мекунад
Дар Хатлон Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои мошингарди минтақаи Ҳисор ба зимистон омода мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст






