Имрӯз дар ҷумҳурӣ борони кӯтоҳмуддат дар назар аст
Душанбе, 09.11.16. /АМИТ «Ховар»/. Мутахассисони Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон имрӯз, 9 ноябр дар ҷумҳурӣ ҳавои тағйирёбандаи камборишро пешгӯӣ менамоянд.
Тавре ба АМИТ «Ховар» аз агентии мазкур хабар доданд, имрӯз дар тамоми ноҳияҳои Тоҷикистон ҳарорати ҳаво 3-4 дараҷа поён рафта, эҳтимоли боридани борони кӯтоҳмуддат дар назар аст. Аз ҷумла, дар вилояти Хатлон ҳарорати ҳаво дар водиҳо шабона 3-8, рӯзона 14-19 дараҷа гарм хоҳад шуд.
Дар вилояти Суғд ҳаво шабона 0-5, рӯзона 12-17 дараҷа гармиро ташкил медиҳад.
Дар Душанбе ҳавои тағйирёбандаи бебориш дар назар дошта шуда, ҳаво шабона 1-3, рӯзона 17-19 дараҷа гарм мешавад.
Дар ноҳияҳои тобеи марказ ҳавои тағйирёбандаи камбориш дар назар дошта шуда, дар баландии беш аз 1000 метр эҳтимоли боридани барф вуҷуд дорад . Ҳаво шабона 1-6 дараҷа, рӯзона 14-19 дараҷа гарм мешавад.
Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳаво дар ғарби вилоят шабона 1-6 дараҷа хунук, рӯзона 12-17 дараҷа гарм; дар шарқи ин вилоят шабона 11-16 дараҷа хунук, рӯзона 0-5 дараҷа гарм мешавад.








Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои бебориш дар назар аст
Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад
Муколамаи чоруми минтақавӣ оид ба иқтисоди даврӣ дар Осиёи Марказӣ баргузор гардид
Дар шаҳри Душанбе ҷашни Меҳргон таҷлил мегардад






