Иштироки Сафорати Тоҷикистон дар Бозори хайрияи кишварҳои Осиё дар Қоҳира
Душанбе, 14.11.2016. /АМИТ«Ховар»/. 12 ноябр дар яке аз меҳмонхонаҳои Қоҳира дар канори рӯди Нил Сафорати Тоҷикистон дар Бозори хайрияи солонаи кишварҳои Осиё, ки онро Анҷумани ҳамсарони сафирони кишварҳои осиёӣ баргузор намуд, иштирок кард.
Тавре аз Сафорати Тоҷикистон дар Қоҳира хабар доданд, Бозори хайрия дар ҳузури Вазири ҳамбастагии иҷтимоии Миср Ғода Волӣ расман ифтитоҳ гардид. Гӯшаи Тоҷикистонро, ки мавриди истиқболи меҳмонони сершумори мисрӣ ва хориҷӣ қарор гирифт, намунаҳои ҳунарҳои мардумӣ, аз ҷумлаи зардӯзӣ, гулдӯзӣ, сӯзанӣ, гилкорӣ, зеваролоти сангӣ ва ғайра оро доданд. Дар бозори хайрия 16 кишвари осиёӣ ширкат намуда, даромади бозор бо ҳадафҳои хайрия сарф хоҳад шуд.
Фаъолияти бозори хайрияи Осиёро расонаҳои кишвари маҳалли иқомат ба таври густурда бозтоб намуданд.








Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа
Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон санади муҳиму сарнавиштсоз барои миллати тоҷик аст






