«Истифода аз равишҳои муосири илмӣ дар таҳқиқи адабиёти форсӣ»- семинари илмӣ дар АИ ҶТ
Душанбе, 03.11.2016 /АМИТ «Ховар»/. 4 ноябри соли равон дар Китобхонаи марказии илмии ба номи Индира Гандии Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон (АИ ҶТ) семинари илмӣ дар мавзӯи «Истифода аз равишҳои муосири илмӣ дар таҳқиқи адабиёти форсӣ (дар мисоли рӯзгор ва осори Ҳасани Деҳлавӣ)» баргузор мегардад.
Тавре аз Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, дар семинари илмӣ устоди Донишгоҳи Айоваи Иёлоти Муттаҳидаи Амрико Пракаш Пранав ширкат меварзад.
Ҳамчунин иштироки донишҷӯён, магистрон, аспирантон ва устодони риштаи адабиёти донишгоҳу донишкадаҳо, омӯзишгоҳҳо ва коллеҷҳо дар ин маҳфили илмӣ дар назар аст.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа






