Истифода аз равишҳои муосири илмӣ дар таҳқиқи адабиёти форсӣ
Душанбе, 05.11.2016. /АМИТ «Ховар»/. 4 ноябри соли равон дар Китобхонаи марказии илмии ба номи Индира Гандии Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ширкати устоди Донишгоҳи Айоваи Иёлоти Муттаҳидаи Амрико, муҳаққиқи ҷавон аз Ҳиндустон Пракаш Пранав дар мавзӯи «Истифода аз равишҳои муосири илмӣ дар таҳқиқи адабиёти форсӣ (дар мисоли рӯзгор ва осори Ҳасани Деҳлавӣ)» семинари илмию пажӯҳишӣ баргузор гашт.
Шодимуҳаммад Сӯфизода, директори Китобхонаи марказии илмии ба номи Индира Гандии Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон таъкид кард, ки дар семинари мазкур оид ба равишҳои нави таҳқиқоти илмӣ ва ҷаҳонбинии илмии муҳаққиқони Аврупо субат хоҳем кард.
Тавре Шервони Умриддин, котиби матбуотии Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар дод, Пракаш Пранав диққати ширкаткунандагони семинарро ба ду мавзӯъ- яке равишҳои муосири таҳқиқ дар соҳаи адабиётшиносӣ ва дигар ба мавзӯи таҳқиқоти илмии худ-Ҳасани Деҳлавӣ ҷалб кард.
Гуфта шуд, ки барои таҳқиқи таъсири муҳити фарҳангӣ бар эҷодиёти як шоир ё нависанда як мутолиоти зистшиносӣ, равоншиносӣ, фарҳангшиносӣ дар ҳамон минтақа анҷом дода шавад, то осор ва ашъори шоири мавриди назар дуруст ва дақиқ таҳқиқ шаванд.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа






