Кӯлоб: Созандагони Ватан пуштибони Пешвои миллат

Ноябрь 11, 2016 17:31

peshvo-iftihori-millatДушанбе,11.11.2016./АМИТ «Ховар»/. Бо ташаббуси намояндагии ТҶҶ «Созандагони Ватан» дар вилояти Хатлон дар Китобхонаи вилоятии ба номи Садриддин Айнӣ дар шаҳри Кӯлоб бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 5-солагии ТҶҶ «Созандагони Ватан» конфронси минтақавӣ баргузор шуд. Тавре аз Кумитаи иҷроияи Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон дар шаҳри Кӯлоб хабар доданд, дар кори конфронс зиёда аз 50 нафар аъзои ТҶҶ «Созандагони Ватан» аз шаҳру навоҳии минтақаи Кӯлоб иштирок намуданд.
Пеш аз оғози чорабинӣ дар даромадгоҳи китобхона китобҳои Пешвои миллат ба хотири огоҳи пайдо кардан аз гузаштаву имрӯзи халқи тоҷик ва такмил додани ҷаҳонбинии сиёсиву фарҳангии ҷавонон ба намоиш гузошта шуданд.
Раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон дар шаҳри Кӯлоб Саъбагул Валиева зикр кард, ки «Пешвои миллат барои пойдории сулҳу субот, Ваҳдати миллӣ, сазовор шудан ба истиқлолияти комил хизматҳои беназир кардааст. Боиси ифтихори тамоми миллати тоҷик аст, ки дар қатори дигар идҳои миллӣ дар саросари мамлакат Рӯзи Президент низ ҷашн гирифта мешавад».
Раиси ТҶҶ «Созандагони Ватан» дар вилояти Хатлон Орзу Ҳамидов иброз дошт, ки «яке аз тадбирхои дурандешона ва хирадмандонаи Асосгузори сулҳу вахдати миллӣ — Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ин таклиф ҷиҳати таъсис додани қаноти ҷавонони Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон таҳти унвони «Созандагони Ватан» буд, ки 20 апрели соли 2011 дар КИМ ҲХДТ ироа гардид. 11 ноябри соли 2011 ТҶҶ «Созандагони Ватан» ба қайд гирифта шуда, ба фаъолият оғоз кард. Ин иқдом бори дигар ҳусни тавваҷуҳи роҳбарияти олии кишварро нисбати ҷавонон нишон дода, қишри ҷавони ҷомеаро ба иҷрои амалҳои созанда дилгарм сохт».
Ҷавонон дар васфи Ватан, Истиқлолият ва Пешвои миллат сурудҳо ва порчаҳои шеърӣ қироат намуда, ба ин васила нишон доданд, ки дар ҳақиқат ҷонибдор ва пайрави сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат мебошанд.
Дар охир ба ҷавонони фаъол, ки ба сафи Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон шомил гардиданд, билетҳои ҳизбӣ супорида шуданд.

Ноябрь 11, 2016 17:31

Хабарҳои дигари ин бахш

3 ОКТЯБР–РӮЗИ ТАЪСИСИ «ТЕЛЕВИЗИОНИ ТОҶИКИСТОН». Ин шабака дастовардҳои миллатро дар арсаи байналмилалӣ муаррифӣ менамояд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Эъломияи Душанбе оид ба инноватсия ва технологияҳои рақамӣ қабул гардид
Ҷаласаи якуми иҷлосияи сеюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
«ТОҶИКИСТОНИ РАҚАМӢ». Душанбе зимни баргузории Форуми байналмилалии TAJ-TECH 2026 ба майдони бузурги муаррифии дастовардҳои IT табдил ёфт
Дар Тоҷикистон сохтмони хонаҳои истиқоматӣ вусъат ёфтааст
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 28 дараҷа гарм мешавад
Муассисаҳои буҷетии ноҳияи Тоҷикобод бо ангишти кони Камароб пурра таъмин карда шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад