КМИР ваколати вакили нави Маҷлиси намояндагонро тасдиқ намуд
Душанбе, 02.11.2016. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз, 02 ноябри соли 2016 таҳти роҳбарии Раиси Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон Худоёрзода Бахтиёр Тавар ҷаласа баргузор гардид, ки дар он масъалаҳои додани мандати вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумхурии Тоҷикистон аз ҳавзаи ягонаи умумиҷумҳуриявӣ ба Шарифӣ Фирӯза Бурихонзода, бақайдгирӣ ва тасдиқи ваколати ӯ баррасӣ гардиданд.
Хотиррасон бояд намуд, ки бо қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумхурии Тоҷикистон аз 26-уми октябри соли 2016, №577 ваколати вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумхурии Тоҷикистон аз ҳавзаи ягонаи умумиҷумҳуриявӣ Муҳиддиниён Пӯлод Муҳиддин бо сабаби ба вазифаи дигар таъйин шуданаш пеш аз муҳлат қатъ гардид.
Мувофиқи моддаҳои 12, 54, 56 ва 57 Қонуни конститутсионии Ҷумхурии Тоҷикистон «Дар бораи интихоботи Маҷлиси Олии Ҷумхурии Тоҷикистон» Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ қарор кард, ки мандати вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумхурии Тоҷикистон аз ҳавзаи ягонаи умумиҷумҳуриявӣ мувофиқи рӯйхати дахлдори Ҳизби Халқии Демократии Ҷумхурии Тоҷикистон ба Шарифӣ Фирӯза Бурихонзода дода шавад.
Комиссия инчунин Шарифӣ Фирӯза Бурихонзодаро ҳамчун вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумхурии Тоҷикистон ба қайд гирифта, ваколаташро тасдиқ намуд.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа






