Конфронси илмӣ-назариявӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия
Душанбе, 05.11.2016. /АМИТ «Ховар»/. Дирӯз дар Раёсати Вазорати корҳои дохилии (РВКД) Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ВМКБ бахшида ба 22-юмин солгарди Коститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон конфронси илмӣ-назариявӣ доир гардид. Дар ин бора аз Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.
Муовини аввали сардори Раёсат полковники милитсия Бандалӣ Бандализода иброз дошт, ки «Конститутсияи Тоҷикистони соҳибистиқлол ҳамчун ҳуҷҷати сарнавиштсоз ва бахтномаи миллат дар роҳи бунёди давлатдории навини тоҷикон, пайвастани он бо ҷомеаи ҷаҳонӣ ва ҳифзи манфиатҳои милливу давлатӣ, таъмини сулҳу субот, ваҳдати миллӣ ва ҳуқуқу озодиҳои инсон нақши барҷастаи таърихӣ дорад».
Инчунин кормандони РВКД дар ВМКБ оид ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон сухан гуфта, мазмуни бандҳо ва моддаҳои Конститутсияро ба таври васеъ ба иштирокдорон шарҳ доданд.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа






