Конститутсия-ҳимоякунандаи ҳадафҳо ва манфиатҳои миллист
Душанбе, 05.11.2016. /АМИТ «Ховар»/. 4 ноябр бахшида ба 22-юмин соргарди рӯзи қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Донишкадаи молия ва иқтисоди Тоҷикистон ҷаласаи тантанавӣ доир шуд.
Тавре котиби матбуоти донишкада Машҳура Абдуллоева хабар дод, ректори донишкада Ашурбой Солеҳзода зимни табрики ҳозирин бо ин санаи муҳим зикр намуд, ки «ин санади асосӣ ҳамчун муайянкунандаи роҳу равиши кишвари соҳибистиқлоли тоҷикон хизмат мекунад. Конститутсия ба ҷумлаи беҳтарин санадҳо дохил шуда, мабдаъҳои ҷавҳариаш нахустасоси таъминкунандаи ҳаёти осудаи мардуми кишвар ва рушди муттасили соҳаҳои гуногуни ҷомеа ба шумор меравад.
Итминони комил дорем, ки Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо тағйиру иловаҳое, ки дар соли 2016 ворид карда шуданд, барои татбиқи пурраи «Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон то давраи соли 2030» хизмат хоҳад намуд».
Дар ҷамъомад намояндаи Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон Хисрав Турсунов дар бораи тағйиру иловаҳои воридшуда ба Конститутсия гуфт, ки «тағйиру иловаҳо дар замони худ зарурӣ буданд ва зиндагӣ собит сохт, ки ин санади тақдирсоз барои таҳкими пояҳои истиқлолият ва пешрафти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳамчунин таҳкими ваҳдати миллӣ мусоидат намуд».
Инчунин дар мавзӯъҳои «Конститутсия бахтномаи миллат», «Нақши Конститутсия дар ҷараёни фаъолияти қонунэҷодкунӣ» аз ҷониби устодони донишкада маърӯзаҳо шунида шуданд. Зикр гардид, ки Конститутсия ҳуҷҷати расмии дорои аҳамияти ҷамъиятӣ ва давлатӣ буда, заминаи ҳуқуқии бунёди давлати тозабунёд ва соҳибистиқлоли тоҷикон, шакли ифодаи ҳуқуқии ормонҳои давлатдории миллӣ, ҳимояи ҳадафҳо ва манфиатҳои миллӣ мебошад.








ГРАНТИ ПРЕЗИДЕНТӢ. Давоми солҳои соҳибистиқлолӣ ба 1395 нафар занон беш аз 45 миллион сомонӣ грант ҷудо гардид
То 4 сентябр дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон сар задани селҳои маҳаллӣ ва пиряхӣ боқӣ мемонад
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ. Дар ин давра Тоҷикистон ба дастовардҳои рушди устувор ноил гардид
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар пойтахт Рӯзи фарҳанги вилояти Хатлон оғоз шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 36 дараҷа гарм мешавад
Шоири афғонистонӣ Аҳмад Ҳанойиш дар васфи Пешвои тоҷикони ҷаҳон Эмомалӣ Раҳмон меҳрнома навишт
Тоҷикистон ба таъмини пайвастагии конфронсҳои СММ оид ба об дар солҳои 2023, 2026 ва 2028 даъват намуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 28 август, ҷумъа, 240-умин рӯзи соли 2026 аст






