Конститутсия-санади муқаддасу тақдирсози миллат
Душанбе, 05.11.2016. /АМИТ «Ховар»/. Дирӯз дар Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон дар мавзӯи «Конститутсия-санади муқаддасу тақдирсози миллат» ҷамъомад баргузор гардид. Дар он роҳбарияти Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ректори Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон Шарифзода Мумин ва олимону муҳаққиқони ҷавон иштирок намуданд. Дар ин бора аз Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.
Муовини раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳабибулло Амирбекзода аз номи тамоми ҷавонону варзишгарон иштирокчиёнро бо Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон табрик гуфт. Ӯ изҳор дошт, ки «қабули Конститутсия дар таърихи кишвари мо аз ҷумлаи рўйдодҳои муҳимтарини сиёсие мебошад, ки арзиш ва аҳамияти он бо гузашти солҳо бештар мегардад».
Мумин Шарифзода таъкид кард, ки: «Маҳз дар раванди таҳаввулоти бузурги асри ХХI ҷавонон чун неруи созандаву бунёдкор метавонанд дар таҳкими меъёрҳои конститутсионӣ нақши бориз дошта бошанд. 6-уми ноябри соли 1994 санаи муқаддасу тақдирсози миллати тоҷик ба шумор меравад, зеро қабули Конститутсияи нав дар асоси меъёрҳои демократӣ имкон дод, ки миллати тоҷик ба марҳилаи нави рушду инкишоф гомҳои устувор гузорад».








Тоҷикистон пас аз рӯзи сеюми Бозиҳои Осиёӣ-2026 дар ҷадвали медалҳо дар зинаи ҳафтум қарор дорад
Имрӯз дар Тоҷикистон эҳтимол раъду барқ ба амал ояд
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна зироати ғалладонагӣ ҷамъоварӣ шудааст
Ҷаласаи Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир шуд
Мегафон Тоҷикистон: акнун сӣ «Устоди алоқа»!
«ЧОДАРИ ХАЁЛ». Дар Душанбе Ҷашнвораи ҳаштуми байналмилалии театрҳои лӯхтак баргузор мегардад






