Конститутсия-заминаи ҳуқуқӣ барои рушди давлатдорист
Душанбе, 04.11.2016 /АМИТ «Ховар»/. Бахшида ба Рўзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоикистон имрӯз дар Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷамъомади тантанавӣ баргузор гардид.
Тавре ки аз вазорати мазкур иттилоъ доданд, дар ҷамъомад муовини якуми Вазири саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон Хол Ҳайдар зимни табрики иштирокчиён ва меҳмонон бо Рўзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон иброз дошт, ки: «кормандони вазорат, корхонаву муассисаҳои соҳавӣ ҷиҳати татбиқи Конститутсия Ҷумҳурии Тоҷикистон дар фаъолияти рӯзмарраи худ ва аз ин тариқ, баҳри баланд бардоштани нишондиҳандаҳои истеҳсолӣ, рушди соҳаҳои иқтисодиёти кишвар ва баланд бардоштани сатҳи некуаҳволии мардуми кишвар саҳм хоҳанд гузошт».
Зикр гардид, ки Конститутсия чун сарчашмаи қонунгузории миллӣ ва давлати мо паҳлӯҳои асосии ҳаёти ҷомеаро фаро гирифта, эътибори ҳуқуқӣ дорад ва меъёрҳои он мустақиман амал намуда, давлат, ҳамаи мақомоти он, шахсони мансабдор, шаҳрвандон ва иттиҳодияҳои он вазифадоранд, ки Конститутсия ва қонунҳои ҷумҳуриро риоя ва иҷро намоянд.








Имрӯз дар Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз мардуми Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллияшонро таҷлил менамоянд
Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Тоҷикистон пас аз рӯзи сеюми Бозиҳои Осиёӣ-2026 дар ҷадвали медалҳо дар зинаи ҳафтум қарор дорад
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна зироати ғалладонагӣ ҷамъоварӣ шудааст
Ҷаласаи Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир шуд






