Кумакҳои унвонӣ-иҷтимоӣ барои беҳтар шудани сатҳи зиндагии оилаҳои камбизоат мусоидат мекунанд

Ноябрь 10, 2016 16:52

Душанбе, 10.11.2016 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҷаласаи навбатии иҷлосияи сеюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати панҷум таҳти раёсати Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров баргузор шуд.
Лоиҳаи қонунҳое, ки имрӯз аз тарафи вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии мамлакат дар ҷаласаи навбатии иҷлосияи сеюм, даъвати панҷум қабул гардиданд, баҳри таҳким бахшидан ба рушди иқтисодӣ, дастгирии иҷтимоии сокинони кишвар, беҳтар намудани фазои соҳибкориву сармоягузорӣ равона шудаанд.
Равшан Раҷабов, вакили Маҷлиси намояндагон дар ҷараёни муҳокимаи лоиҳаи Қонун «Дар бораи кумакҳои унвонии иҷтимоӣ» зикр кард, ки лоиҳаи қонуни мазкур аз дастуру нишондодҳо ва Паёми Президенти мамлакат ба Маҷлиси Олӣ сарчашма гирифта, бо мақсади баланд бардоштани сатҳи некӯаҳволии шаҳрвандон, таъмини шароити мусоиди зиндагӣ таҳия шудааст. Қабул шудани Қонун «Дар бораи кумакҳои унвонии иҷтимоӣ» қонунгузории мамлакатро дар масъалаи сиёсати иҷтимоии давлат таҳким бахшида, ба дастгирии оилаҳои ниёзманд ва камбизоат мусоидат мекунад, — таъкид намуд Равшан Раҷабов.
Бояд гуфт, қонуни мазкур дар доираи маблағҳои пешбининамудаи Буҷети давлатӣ ва сарчашмаҳои дигаре, ки қонунгузории мамлакат манъ накардааст, амалӣ мегардад.
Муовини якуми вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ Саида Умарзода, ки бо даъвати Маҷлиси намояндагон дар ҷараёни баррасии лоиҳаи қонун иштирок дошт, изҳор кард, дар марҳалаи муосир баланд бардоштани сатҳи некӯаҳволии мардум ва таъмини шароити мусоиди зиндагӣ аз ҳадафҳои муҳими сиёсати иҷтимоии давлат мебошад. Номбурда аз Паёми Пешвои миллат ба Маҷлиси Олӣ ёдовар шуд, ки гуфта буданд: «Татбиқ намудани тартиби нави кумакпулиҳои унвонӣ-иҷтимоӣ барои табақаҳои ниёзманди аҳолӣ аз ҷумлаи масъалаҳои муҳимест, ки ҳадафи он беҳтару шаффоф гардонидани низоми пардохти кумакпулҳои иҷтимоӣ ба оилаҳои камбизоат мебошад».
Мувофиқи суханони доктори илмҳо, профессор Саида Умарзода қабул гардидани қонуни мазкур барои минбаъд густариш додани низоми кумакҳои унвонӣ-иҷтимоӣ ва ба танзим даровардани механизми муайянкунии камбизоатии оилаҳо ва дастрас намудани кумакҳои моддиву пулӣ ба эҳтиёҷмандон аҳамияти муҳим дорад.
Саида Умарзода ба вакилони Маҷлиси намояндагон иттилоъ дод, ки тибқи Қарори Ҳукумати мамлакат аз моҳи июли соли 2014 «Дар бораи ҷорӣ намудани механизми таҷрибавии кумаки унвонӣ-иҷтимоӣ ба оилаҳо ва шаҳрвандони камбизоат» айни замон кумакҳои унвонӣ-иҷтимоӣ дар шакли пардохт намудани кумаки пулӣ ба таври таҷрибавӣ дар 25 шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ амалӣ шуда, зиёда аз 97 ҳазор оилаҳо ва шаҳрвандони ҷумҳурӣ аз он бархурдор мебошанд. Андозаи кумакпулии унвонӣ-иҷтимоӣ 400 сомониро дар як сол ба як хонавода ташкил менамояд ва ҳар се моҳа пардохт карда мешавад. Механизми таҷрибавии таъин ва пардохти кумакпулии номбурда ба оилаҳо ва шаҳрвандони камбизоат тибқи Қарори Ҳукумати мамлакат аз моҳи октябри соли 2016 боз дар 15 шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ татбиқ шуда, дар маҷмӯъ 40 шаҳру ноҳияҳоро дар бар хоҳад гирифт.
Қабул гардидани лоиҳаи Қонун «Дар бораи кумакҳои унвонии иҷтимоӣ» барои ба танзим даровардани фаъолияти мақомоти иҷроияи маҳалии давлатӣ ва дигар мақомоти ваколатдор мусоидат намуда, барои беҳтар наудани зиндагонии мардум мусоидат хоҳад кард, — хулосабарорӣ кард С.Умарзода.
Ҳамин тавр баъд аз муҳокимаи вакилон лоиҳаи Қонун «Дар бораи кумакҳои унвонии иҷтимоӣ» қабул гардид.
Тавре ки маълум гардид, ҳангоми омӯзиши лоиҳаи ин қонун аз тарафи кумитаҳои палатаи поёнии парлумони кишвар барои такмили он 98 таклифу пешниҳод манзур шудааст, аз онҳо 41 таклиф қабул, 6 таклиф қисман қабул ва 51 таклифи дигар қабул нашуданд.

Ноябрь 10, 2016 16:52

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Иссиқкӯл Бозиҳои XXIV байналмилалии варзишии кишварҳои ИДМ ва СҲШ баргузор мешаванд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 38 дараҷа гарм мешавад
Дар Мастчоҳ вохӯрии вакили Маҷлиси намояндагон бо интихобкунандагон доир шуд
Мутахассисони алоқа «таҳаввулоти рақамӣ» пешбинӣ менамоянд
Олимони тоҷик аз қитъаҳои заминҳои таҷрибавӣ дар Яғноб ҳосили хуб гирифтанд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 30 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Бӯстон бахшида ба соли нави таҳсил ҳамоиш доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ сохтмони муассисаи томактабии «Ёсуман» ба анҷом расид
Бахшида ба Рӯзи дониш дар Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон ҳамоиш баргузор шуд
МАЪРИФАТ — ПОЙДОР, ИЛМУ АДАБ — УСТУВОР. Дар ноҳияи Ёвон Рӯзи дониш ва Дарси сулҳ таҷлил гардид
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
«Ҷойгоҳи зан дар даврони Истиқлол»-таҳти чунин унвон дар Левакант конфронси ҷумҳуриявӣ доир гардид