АВВАЛИН ПАРЧАМИ ДАВЛАТИ СОҲИБИСТИҚЛОЛ. Ин парчами таърихӣ дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон маҳфуз аст

Ноябрь 24, 2026 08:48

ДУШАНБЕ, 24.11.2020 /АМИТ «Ховар»/. Дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон аввалин парчаме, ки дар Иҷлосияи 16-уми Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардида буд, ҳифз гардидааст. Ин парчам  бо андозаи 85 ба 145 сантиметр  дар шуъбаи таърихи нав ва навтарини толори «Истиқлолият»-и осорхона манзури тамошобинон гардидааст. Ҳар ёдгорӣ дар осорхона санаи қайд ва рақами махсуси худро дорад ва ин парчам таҳти № 128-23/2 ба қайд гирифта шудааст.

Аввалин Парчами давлати соҳибистиқлол бо супориши Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон моҳи июни  соли 2007, дар рӯзҳои таҷлили 15-солагии Иҷлосияи 16-уми Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Осорхонаи миллии Тоҷикистон супорида шуд.

Баъд аз соҳибистиқлол шудани Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби Шурои Олии мамлакат комиссияи корӣ таъсис ёфт ва  оид ба қабули Парчами давлатӣ, Нишони давлатӣ ва Суруди миллӣ қарор қабул гардид.

Ба таъкиди муҳаққиқон, чанд моҳ қабл аз санаи қабули Нишон ва Парчами давлатӣ озмун эълон карда шуд, ки роҳбарии онро академик Муҳаммад Осимӣ ба уҳда гирифта буд. Кори комиссия ба таври пӯшида ҷараён мегирад. Ба озмун зиёда аз 200 лоиҳа пешниҳод шуда буд, ки ҳар кадоми онро  комиссия мавриди омӯзиш ва хулосабарорӣ қарор медод. Ҳамин тавр, комиссия лоиҳаи Парчами давлатиро, ки аз ҷониби рассомон Зуҳур Ҳабибуллоев ва Александр Заневский пешниҳод гардида буд, интихоб мекунад.

Рассом Зуҳур Ҳабибуллоев дар хотираҳои худ навиштааст, ки «ҳангоми омода намудан ва тарҳрезии парчам мо аз маслиҳат ва машварати олимони соҳаи фарҳангшиносӣ, аз қабили Лариса Додхудоева,  Н. Игнатушина ва М. Сайдалиев истифода намудем».

Сипас аввалин парчам 24 ноябри соли 1992 дар Қасри Арбоб дар Иҷлосияи XVI Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардид. Дар ҳамон иҷлосия «Қарор оид ба Парчами Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва «Қарор оид ба Нишони Ҷумҳурии Тоҷикистон» қабул гардид, ки дар асоси онҳо ба моддаҳои 169 ва 170 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон тағйирот ворид гардиданд. Мувофиқи он «Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон рамзи истиқлоли давлатӣ, иттифоқи вайроннашавандаи коргарон, деҳқонон ва зиёиён, дӯстӣ ва бародарии ҳамаи халқҳои маскуни ҷумҳурӣ мебошад».

Бо супориши Раиси Шурои Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон парчаме, ки аз ҷониби ҳайти корӣ пешниҳод ва қабул гардида буд,  дар муддати як рӯз омода ва дар пештоқи Қасри Арбоб насб гардид.

Тавре дар хотираҳои рассом Зуҳур Ҳабибуллоев омадааст, «ин парчам дар Комбинати абрешими шаҳри Хуҷанд омода гардидааст. Онҳо аз соати 4-и бегоҳ то 3-и саҳар бо бофандагон ва ҳунармандони ин Комбинат нахустин парчамро омода намуданд ва 25 ноябр он ба толори Қасри Арбоб ворид карда шуда, Раиси Шурои Олӣ  Эмомалӣ Раҳмон ва аъзои Шурои Олӣ ин Парчами давлатиро бӯса намуда, бо он савганд ёд мекунанд».

Рангҳои Парчами давлатии Тоҷикистон рамз ва решаҳои қадимии суннатӣ доранд. Ранги сурх рамзи мубориза, шуҷоат, шараф ва ҷоннисорӣ дар роҳи меҳан, сарзамин, мардум, идеяҳои олӣ; ранги сафед рамзи руҳи тавоно, покӣ, муқаддасот ва хушбахтӣ; ранги сабз рамзи зиндагӣ, ҷавонӣ ва шукуфоӣ мебошанд. Тоҷ рамзи истиқлолу озодии мамлакат мебошад.

Тавре академик Муҳаммад Осимӣ дар муаррифии тарҳи Парчами давлатӣ 24 ноябри соли 1992 гуфта буд, «ҳафт ситора- ин  рамзи ҳафт макони таърихии зебоманзари  ватанамон ба ҳисоб меравад, яъне Суғд, Зарафшон, Ҳисор, Рашт, Вахш, Хатлон ва Бадахшон».

Парчами давлатии мамлакат симои Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Парчам на танҳо рамзи давлатдорию ифтихор аз Ватан, балки рамзи ватандӯстию худшиносиву худогоҳӣ, андешаву асолати миллӣ, пирӯзиву сарфарозӣ ва ҳувияти миллии мардуми тамаддунофарамон маҳсуб мешавад. Парчам ҳамчун ахтари тобон раҳнамо ва ҳидоятгар ба сӯи фардо ва ояндаи дурахшон аст.

Президенти Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бораи Парчами давлатӣ бо камоли эҳтирому эътиқод чунин иброз доштаанд: «Парчами давлатӣ яке аз рамзҳои муҳими истиқлолияти миллӣ ва давлатдори муосири мо, таҷассумгари асосҳои таърихӣ ва рамзҳои давлатдории гузаштаи тоҷикон, инчунин ифодакунандаи мақсаду маром ва орзую ормонҳои тамоми мардуми Тоҷикистон мебошад. Набояд фаромӯш намуд, ки муҳаббат ба Парчам ва дигар рамзҳои давлатӣ нишонаи муҳаббати самимии мо ба Ватан-Модар, миллату давлат ва ифтихор аз онҳо ҷузъи муҳимми рисолати ватандӯстдорию ватансозӣ ба ҳисоб меравад».

АКС аз бойгонӣ

Ноябрь 24, 2026 08:48

Хабарҳои дигари ин бахш

Ба шарафи варзишгарони тоҷик Парчами давлатии Тоҷикистон зиёда аз 850 маротиба баланд бардошта шуд
Сокинони Рашт бо парчамҳои давлатӣ ва руҳияи баланди ватандӯстӣ ба роҳпаймоӣ баромаданд
Беш аз 30 ҳазор сокинони Хуҷанд ба ифтихори Рӯзи Парчами давлатӣ ба роҳпаймоӣ баромаданд
Дар Бохтар беш аз 40 ҳазор нафар ба ифтихори Рӯзи Парчами давлатӣ роҳпаймоӣ намуданд
Парчами давлатӣ – ифодаи соҳибихтиёрӣ ва нишонаи ҳуқуқии Тоҷикистон дар низоми муносибатҳои байнидавлатӣ
ПАРЧАМИ ДАВЛАТИИ ТОҶИКИСТОН ДАР ҚАТОРИ БАЛАНДТАРИН ПАРЧАМҲОИ ҶАҲОН. Эҳдо ба Рӯзи Парчами миллӣ
Дар Тоҷикистон Тартиби гузаронидани экспертизаи зиддитабъизӣ қабул гардид
Парчам чун рамзи соҳибдавлатӣ дар баланд бардоштани ифтихори миллӣ нақши махсус дорад
ПАРЧАМИ МИЛЛӢ — ТАҶАССУМГАРИ ҲУВИЯТИ ТАЪРИХ. Андешаҳои академик Фарҳод Раҳимӣ дар Рӯзи Парчами давлатӣ
ПАРЧАМ — РАМЗИ ҲАМБАСТАГИИ ШАҲРВАНДОН. Ин рамзи муқаддас воситаи муаррифии давлат дар фазои байналмилалӣ аст
Эмомалӣ Раҳмон: «Ба фарзандон аз синни хурдсолӣ бояд маънии парчамдориву соҳибдавлатӣ, арзиши сулҳу ваҳдатро омӯзонем»
Дар Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа Рӯзи Парчами давлатиро ботантана ҷашн гирифтанд