Кумитаи ҳифзи муҳити зист дар шаҳри Хоруғ давраи омӯзишии «Тағйирёбии иқлим ва роҳҳои мутобиқшавӣ ба он»-ро гузаронид

Ноябрь 17, 2016 10:50

Хоруғ, 17.11.2016. /АМИТ «Ховар»/. Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои мутахассисону кормандони ситоди вазъи фавқулода, ҷамоатҳои деҳот, идораи обу ҳавосанҷии ВМКБ вобаста ба тағйирёбии иқлим ва коҳиши омилҳои инсонии мусоидат ба болоравии гармии ҳаво дар шаҳри Хоруғ давраи омӯзишӣ баргузор кард. Дар ин бора ба хабарнигори АМИТ «Ховар» сардори Раёсати ҳифзи муҳити зисти вилоят Мулкамон Назаралиев хабар дод.
«Яке аз ҳадафҳои аслии ин омӯзиш- баланд бардоштани маърифати экологии шаҳрвандон ба шумор меравад, зеро сол аз сол иқлими сайёра рӯ ба гармӣ меорад ва бар асари он пиряхҳо низ бо суръати баланд об мешаванд. Аз меъёр зиёд об шудани пиряхҳо ба баланд шудани сатҳи оби кӯлу рӯдхонаҳо оварда, барои сокинони ин ё он минтақа хатари бузург эҷод мекунад .Ҳамагӣ як сол пеш бо чашми худ офати табииро, ки дар деҳаи Барсеми ноҳияи Шуғнон рух дод, мушоҳида намудем. Дар натиҷаи ин офати табиӣ наздики 80 оила бе сарпаноҳ гаштанд»,-изҳори ақида кард мутахассиси соҳаи экологияи вилоят Салима Имомназарова.
Ба андешаи мутахассисони соҳаи экологияи вилоят, ин гуна офатҳои табиӣ ҳар як инсонро бори дигар водор месозанд, ки нисбат ба муҳити атроф бетараф набошад. Дар ҳифзу нигаҳдории муҳити зист, олами набототу ҳайвонот ва захираҳои об саҳми худро гузорад. Чунки гармшавии аз ҳад зиёди ҳаво баъзе аз набототу ҳайвонотро низ ба нобудӣ мерасонад.
«Дар давраи омӯзишӣ гуфта шуд, ки ҳарчанд кишвари мо дар муқоиса бо кишварҳои ҳамсоя ба табиат камтар осеб мерасонад, аммо сарфи назар аз ин корҳои ташвиқотиву тарғиботиро миёни кӯдакону наврасон бояд бештар ба роҳ монем»,-хабар дод манбаъ.

Ноябрь 17, 2016 10:50

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок мешавад
Паҳлавонони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба кураш соҳиби шаш медал гардиданд
Ба ифтихори Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳамоишҳо баргузор мегарданд
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар Чэнду бо дастаҳои Кореяи Ҷанубӣ, Чин ва Ветнам бозӣ мекунад
Дар Хатлон Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои мошингарди минтақаи Ҳисор ба зимистон омода мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст