Логопед: «Ба мо бештар кӯдакони томактабӣ муроҷиат мекунанд»
Душанбе, 14.11.2016 /АМИТ «Ховар»/. 14 ноябр дар тамоми ҷаҳон Рӯзи байналмилалии логопед ҷашн гирифта мешавад. Логопед мутахассисест, ки ба кӯдакон ва калонсолони дорои мушкилӣ дар нутқ кумак мерасонад. Хабарнигори АМИТ «Ховар» бо Фотима Бобохоҷаева, духтури логопеди шуъбаи барқароркунии шунавоии овоз ва нутқи Маркази миллии тиббии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавриди мушкилоти ин соҳа ҳамсуҳбат гардид.
«40 сол мешавад, ки дар ин соҳа кор мекунам. Дар тӯли фаъолиятам ҳам кӯдакон ва ҳам калонсолон вобаста ба душвориҳои гуногун дар нутқашон ба назди мо меоянд»,- зикр намуд Ф. Бобохоҷаева.
Мусоҳиб изҳор намуд, ки бо ин мушкилӣ бештар кӯдакони томактабӣ, кӯдаконе, ки то 3-4- солагӣ тамоман гап намезананд ва лакнати забон доранд, муроҷиат мекунанд.
«Бештари онҳоро баъди ба мактаб додан муаллимаҳо ба назди мо равон мекунанд. Хуб мешуд, ки ҳар як падару модар пеш аз ба мактаб рафтани фарзандонашон ба мутахассиси логопед муроҷиат кунад, то кӯдак дар мактаб ба мушкилӣ рӯ ба рӯ нашавад»,- гуфт мутахассис.
«Ба мо калонсолон низ муроҷиат мекунанд,-гуфт Ф. Бобохоҷаева ва афзуд, ки онҳо бештар пас аз гузаронидани бемориҳои сактаи мағзи сар, саратон, ҳамчунин пас аз хӯрдани зарбаҳои гуногун, ки боиси дар нутқашон пайдо шудани нуқс мегардад, муроҷиат мекунанд»,-илова намуд мутахассис.
Ба иттилои Ф. Бобохоҷаева, дар давоми 9 моҳи соли равон ба Марказ беш аз 487 нафар бо ин мушкилӣ муроҷиат кардаанд.
Бояд зикр кард, ки Рӯзи байналмилалии логопед аз 14 ноябри соли 2004-ум инҷониб таҷлил мешавад.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа






