Маликшо Неъматов бо Ҳанс-Йоахим Фухтел ҳамкории молиявӣ ва техникиро баррасӣ карданд
Душанбе, 8.11.2016. /АМИТ«Ховар»/. 7 ноябри соли равон Сафири Фавқулода ва Мухтори Тоҷикистон дар Олмон Маликшо Неъматов бо котиби давлатии парлумонии Вазорати федералии ҳамкории иқтисодӣ ва рушди Олмон Ҳанс-Йоахим Фухтел дидор ва мулоқот намуд.
Тавре аз Сафорати Тоҷикистон дар Олмон хабар доданд, зимни мулоқот ҷонибҳо ҳолати кунунии иҷрои бандҳои Протоколи охирини комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Олмонро оид ба ҳамкории молиявӣ ва техникӣ мавриди баррасӣ қарор доданд. Ҳамзамон зимни суҳбат зарурати вусъати ҳамкории гуногунҷабҳаи дуҷониба бо амалӣ намудани лоиҳаҳо дар бахшҳои муҳими иҷтимоӣ ва иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъкид гардид.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






