«Ман тарафдорам! Пешгирии ВНМО»-бо ин ном дар Маркази тиббии «Истиқлол» Ҳафтаи мубориза бар зидди ВНМО доир мешавад
Душанбе, 11.11.2016 /АМИТ «Ховар»/. 15 ноябри соли равон дар Маркази тиббии бисёрсоҳавии «Истиқлол» ҳамоиш таҳти унвони «Ман тарафдорам! Пешгирии ВНМО» баргузор мегардад.
Ҳамоиш аз тарафи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ бо дастгирии Барномаи маштараки СММ оид ба ВНМО/БПНМ (ЮНЭЙДС) ва Хазинаи «СПИД Инфосвязь»-и Федератсияи Русия гузаронида мешавад.
Оғози Ҳафтаи пешгирӣ ба истиқболи Рӯзи байналмилалии мубориза бар зидди ВНМО/БПНМ, ки ҳамасола 1 декабр доир мегардад, роҳандозӣ шудааст.
Тавре аз Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии Тоҷикистон хабар доданд, дар ин рӯз тамоми хоҳишмандон барои гузаштани ташхиси пинҳонӣ аз ВНМО даъват мешаванд.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок мешавад
Паҳлавонони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба кураш соҳиби шаш медал гардиданд
Ба ифтихори Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳамоишҳо баргузор мегарданд
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар Чэнду бо дастаҳои Кореяи Ҷанубӣ, Чин ва Ветнам бозӣ мекунад
Дар Хатлон Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои мошингарди минтақаи Ҳисор ба зимистон омода мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст






