«Мавқеи шахс, роҳбар ва омма дар таърих»- ҳамоиш дар Кумитаи кор бо занон
Душанбе, 09.11.2016 /АМИТ «Ховар»/. Дар Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавзӯи «Мавқеи шахс, роҳбар ва омма дар таърих» дар доираи Барномаи давлатии «Тарбия, интихоб ва ҷобаҷогузории кадрҳои роҳбарикунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳисоби занону духтарони лаёқатманд барои солҳои 2007-2016» бо иштироки донишҷӯдухтарони фаъолу аълохони донишгоҳу донишкадаҳои олии кишвар ҷамъомад баргузор гардид. Дар ин бора аз Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.
Ҳадафи ҳамоиш- фаъолгардонии нақши духтарон дар ҷомеа, омода намудани духтарони сарвар, тарбияи кадрҳои болаёқат, дарёфти истеъдодҳои ҷавон аз ҳисоби донишҷӯдухтарон, мусоидат намудан ба такомули шахсӣ ва боло бурдани маърифати сиёсию ҳуқуқии онҳо буд.
Идигул Қосимзода, Раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамоиш гуфт: «Масъалаҳои сарварӣ ва идоракунии самараноки равандҳои иҷтимоию сиёсӣ ба қатори масъалаҳои муҳими дорои хусусияти назариявию илмӣ ва амалӣ дохил мешаванд. Дар ҳама давру замон пешрафт ва рушди ҷомеаро ҳамбастагӣ ва алоқамандии омилҳои объективӣ ва субъективӣ ташкил дода, дар ин раванд мавқеъ, таъсир ва нуфузи ниҳоди сарварӣ мақоми махсуси худро дошт».
Устоди Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, равоншинос Маҳмадулло Давлатов зикр намуд, ки «мавзӯи имрӯза ташаббуси саривақтӣ буда, барои тарбия намудани духтарони сарвар аз зинаи таҳсилот ва омода намудани кадрҳои болаёқат ба сифати кадрҳои роҳбарикунанда имкони хуб мебошад».








Дар шаҳри Панҷакент фаъолияти корхонаҳои саноатӣ тақвият меёбад
Дар Тоҷикистон масоҳати хонаҳои истиқоматӣ бештар гардидааст
Дар шаҳри Кӯлоб бахшида ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Мардуми ноҳияи Рашт дар симои Пешвои миллат наҷотбахши миллату давлат, кафили сулҳу ваҳдат ва эҳёгари фарҳанги миллиро мебинанд
Таҳти унвони «Нақши Пешвои миллат дар ташаккул ва рушди фарҳанги миллӣ» конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Бахшида ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Коллеҷи омори шаҳри Ваҳдат конференсияи ҷумҳуриявӣ доир гардид
«ПРЕЗИДЕНТ — КАФИЛИ ДАВЛАТИ ҲУҚУҚБУНЁДУ ДЕМОКРАТӢ». Дар ин мавзуъ конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон туман мефарояд
Ба ифтихори Рӯзи Президент дар деҳоти ноҳияи Ёвон чорабиниҳои сиёсию маърифатӣ баргузор мегардад
АБАРМАРДЕ, КИ ДАВЛАТРО БИНО КАРД. Ба ифтихори Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Байни Тоҷикистон ва Агентии ҳамкории байналмилалии Ҷопон Созишномаи грантӣ ба имзо расид






