Муҳлати маъмурияти муваққатии «Тоҷпромбонк» тамдид гашт
Душанбе, 08.11.2016 /АМИТ «Ховар»/. Муҳлати ваколати маъмурияти муваққатӣ дар ҶСП БСТ ТИСТ «Тоҷпромбонк» то 3 майи соли 2017 тамдид гашт.
Тавре ки аз Бонки миллии Тоҷикистон хабар доданд, бо мақсади барқарорсозии пурраи фаъолияти ҶСП БСТ ТИСТ «Тоҷпромбонк» Раёсати Бонки миллии Тоҷикистон мутобиқи моддаи 49-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Бонки миллии Тоҷикистон» ин чунин қарор қабул намуд.
Ба маъмурияти муваққатӣ дастур дода шудааст, ки фаъолияти худро дар асоси қонунгузории ҷумҳурӣ ба роҳ монда, бо мақсади беҳтар кардани вазъи молиявии ташкилоти қарзии номбурда иҷрои нақшаи барқарорсозии бонкро таъмин намояд.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






