Мулоқотҳои Қоҳир Расулзода дар ҳошияи ҷаласаи 15-уми Шӯрои Сарони ҳукуматҳо-Сарвазирони давлатҳои аъзои СҲШ

Ноябрь 2, 2016 17:31

sarvazirДушанбе, 02.11.2016. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода барои иштирок дар кори ҷаласаи 15-уми Шӯрои Сарони ҳукуматҳо-Сарвазирони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай ба шаҳри Бишкеки Ҷумҳурии Қирғизистон сафар кард.

Дар доираи сафари кории худ ба шаҳри Бишкек нимаи дуюми имрӯз Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода бо вазири давлатӣ  оид ба корҳои хориҷии Ҷумҳурии Ҳиндустон Акбар  Ҷавод Мобашшар  мулоқот кард. Дар мулоқот вазъи кунунӣ ва дурнамои муносибатҳои байниҳукуматии Тоҷикистон ва Ҳиндустон  дар соҳаҳои мавриди таваҷҷуҳ баррасӣ шуданд. Ҷонибҳо ҷиҳати тақвияти ҳамкориҳои гуногунҷанбаи  дуҷониба омодагию ҳавасмандии худро таъкид намуданд.

Ҳамчунин нимаи дуюми имрӯз мулоқоти Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода бо Раиси Ҳукумати иҷроияи Ҷумҳурии Исломии Афғонистон доктор Абдулло Абдулло доир гардид. Ҷонибҳо масоили марбут ба ҳамкориҳои тиҷоратию иқтисодӣ, ҳамгироии муштарак дар соҳаҳои роҳу нақлиёт ва энергетика дар доираи  фаъолияти Комиссияи байниҳукуматии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Исломии Афғонистон оид ба ҳамкориҳои иқтисодию тиҷоратиро  баррасӣ намуданд. Таваҷҷуҳи зарурӣ ба масоили иштироки муштарак дар татбиқи лоиҳаҳои бузурги сохтмони роҳҳои оҳан ва иншооти энергетикӣ зоҳир карда шуд. Дар мулоқот ҳамзамон масъалаҳои вобаста ба тақвияти мубориза бар зидди терроризму экстремизми байналмилалӣ  ва коҷоқи ғайриқонунии маводи мухаддир муҳокима гардиданд.

Ноябрь 2, 2016 17:31

Хабарҳои дигари ин бахш

Муассисаҳои буҷетии ноҳияи Тоҷикобод бо ангишти кони Камароб пурра таъмин карда шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш пешгӯӣ мешавад
Сафири Тоҷикистон дар Амрико дар Форуми сатҳи баланд иштирок намуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйрёбандаи бебориш пешгӯӣ мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат меборад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз мардуми Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллияшонро таҷлил менамоянд
Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад