Мулоқоти Шукурҷон Зуҳуров бо Владимир Витюк

Ноябрь 24, 2016 16:18

Душанбе, 24.11.2016 /АМИТ «Ховар»/. Шукурҷон Зуҳуров, раиси Маҷлиси намояндагон дар доираи ҷаласаи 45-уми пленарии Байнипарлумонии кишварҳои аъзои ИДМ бо муовини раиси парлумони Ҷумҳурии Молдова Владимир Витюк мулоқот кард. Мулоқот нимаи авали имрӯз дар шаҳри Санкт-Петербург бо хоҳиши Владимир Витюк баргузор гардид. Дар ин бора котиби матуботии Маҷлиси намояндагон Муҳаммадато Султонов ба АМИТ «Ховар» иттилоъ дод.
Дар ҷараёни мулоқот масъалаи тақвияти ҳамкории байнипарлумонӣ миёни Маҷлиси намояндагони Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Парлумони Ҷумҳурии Молдова мавриди баррасӣ қарор гирифт.
Ш.Зуҳуров муваффақона баргузор шудани интихоботи президентӣ дар Молдоваро ба Владимир Витюк табрик гуфта, изҳори умедворӣ намуд, ки равобити ду кишвар дар оянда дар ҳамаи соҳаҳо ба марҳилаи сифатан нав ворид мегарданд. Раиси Маҷлиси намояндагон ба таърихи равобити Тоҷикистон ва Молдова ишора намуда, иброз дошт, ки гарчанде муносиботи дипломатӣ байни кишварҳои мо солҳои қаблӣ ба роҳ монда шуда бошанд ҳам, вале ин равобит ҷавобгӯи сатҳи имрӯза нест. Ҳамчунин зикр карда шуд, ки байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Молдова санадҳои зиёди ҳамкорӣ ба имзо расидаанд, ки баъзеи онҳо хусусияти муваққатӣ дошта, қувваи иҷрои худро аз даст додаанд. Бинобар ин зарур аст, ки барои густариши муносибот дар дигар соҳаҳои афзалиятнок санаду созишномаҳои нав қабул ва ба имзо расонида шаванд.
Владимир Витюк, муовини раиси парлумони Молдова дар навбати худ изҳор кард, ки дар ҳақиқат ниҳодҳои дахлдори ҳар ду кишвар аз имконоти фарохи мавҷудаи равобит истифодаи самарабахш накардаанд. «Мо дар ҷараёни баргузории ҷаласаҳои парлумонӣ дар мамлакатҳои худ сари ин масъалаҳо изҳори назар хоҳем кард,- гуфт Владимир Витюк ва илова кард, ки «Парлумон бавуҷудорандаи фазои ҳуқуқиву қонунӣ ҷиҳати густариши муносиботи кишвараш бо ҷумҳуриҳои дигар дар ҳамаи заминаҳо мебошад ва нақши намояндагони халқ дар беҳтар гардидани ҳамкорӣ бо дигар мамлакатҳо хеле муҳим ва арзанда аст».
Ҷонибҳо ба мувофиқа расиданд, ки барои беҳтар кардани равобити байнипарлумонии ду кишвар гурӯҳҳои дӯст ва ҳамкории байнипарлумонӣ таъсис дода шаванд.
Шукурҷон Зуҳуров дар поёни мулоқот бори дигар ба тақвияти муносиботи байнипарлумонии Тоҷикистону Молдова таъкид карда, ибрози умедворӣ намуд, ки ин мулоқот барои густариши ин ҳамкорӣ дар оянда мусоидат хоҳад кард.
Дар мулоқот раисони кумитаҳои Маҷлиси намояндагон Олимҷон Салимзода, Лутфия Раҷабова, Эмомалӣ Насриддинзода ва узви Маҷлиси Миллӣ Наргис Раҳмонова иштирок намуданд.

Ноябрь 24, 2016 16:18

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Фестивали байналмилалии «Дарҳои кушод-2026» дар Ҷопон гӯшаи Тоҷикистон ташкил гардид
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Кирмакпарварони ноҳияи Рашт 18 тонна пиллаи хушсифат истеҳсол менамоянд
Дар Шаҳритус бахшида ба Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон ҷамъомади бошукӯҳ доир шуд
Дар дидбонгоҳи гумрукии «Фотеҳобод» айвони нав барои таҳкими назорати гумрукӣ ба истифода дода шуд
Смартфон бо манфиат: чӣ тавр метавон кӯдакро ҳар рӯз инкишоф дод
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
«Барномаи ҳифзи ҳуқуқи кӯдак дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2026-2030» баррасӣ гардид
Дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ нақшаи истеҳсоли пилла иҷро шуд
БАРНОМАИ РУШДИ ЗАБОНИ ДАВЛАТӢ. Дар муассисаҳои шаҳри Кӯлоб санҷишу вохӯриҳо баргузор шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво то 30+36 дараҷа гарм мешавад
Доир ба аҳамияти ташаббусҳои Пешвои миллат дар эҳёи адолати таърихӣ ва таҳкими давлатдории миллӣ ҳамоиш баргузор шуд