Муъминобод: Қисмати зиёди деҳаҳо бо оби ошомиданӣ таъминанд
Муъминобод, 10.11.2016 /АМИТ «Ховар»/. Дар толори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Муъминобод ҷаласаи шабакаи ҳамкорон оид ба масъалаҳои таъминоти об ва беҳдошт баргузор гардид. Дар ҷаласа намояндагони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ, ассотсиатсияҳои истифодабарандагони об, ташкилоти ҷамъиятӣ, намояндагон аз ноҳияи Рӯдакӣ ва раисони ҷамоатҳои деҳот иштирок намуданд.
Тавре Раҷабалӣ Баҳронов, директори ташкилоти ҷамъиятии Муъминобод иттилоъ дод, кормандони Маркази назорати давлатии санитариву эпидемиологии ноҳия солҳои охир барои таъмини аҳолии ноҳия бо оби тозаи хушсифат як зумра корҳоро ба анҷом расониданд. Ҳоло аҳолии ноҳия аз 76 шабакаи мутамаркази обтаъминкунӣ ба оби нӯшокӣ дастрасӣ доранд. Аз ин 76 шабакаи мутамарказ 16 адади он аз тариқи чоҳҳои амудӣ ва 60 шабакаи дигар аз чашмаҳо об мегиранд.
Барои устувории лоиҳаҳо ва нигоҳдории иншооти об онҳоро ба мақомоти худфаъолиятӣ- ҷамъиятӣ вогузор намудаанд. Дар қисмати зиёди шабакаҳо барои ҳар як истифодабаранда ҳисобкунакҳо васл карда шудаанд, ки ба истифодаи самараноки об ва пардохти саривақтии маблағи истифодаи об мусоидат мекунанд.
Дар анҷоми ҳамоиш иштирокдорон аз мавҷудияти ноқисӣ дар баъзе шабакаҳои обрасон ва зудтар бартараф кардани камбудиҳо ҳангоми лоиҳакашӣ ва сохтмони иншооти нав сухан ронданд.











ГРАНТИ ПРЕЗИДЕНТӢ. Давоми солҳои соҳибистиқлолӣ ба 1395 нафар занон беш аз 45 миллион сомонӣ грант ҷудо гардид
То 4 сентябр дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон сар задани селҳои маҳаллӣ ва пиряхӣ боқӣ мемонад
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ. Дар ин давра Тоҷикистон ба дастовардҳои рушди устувор ноил гардид
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар пойтахт Рӯзи фарҳанги вилояти Хатлон оғоз шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 36 дараҷа гарм мешавад
Шоири афғонистонӣ Аҳмад Ҳанойиш дар васфи Пешвои тоҷикони ҷаҳон Эмомалӣ Раҳмон меҳрнома навишт
Тоҷикистон ба таъмини пайвастагии конфронсҳои СММ оид ба об дар солҳои 2023, 2026 ва 2028 даъват намуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 28 август, ҷумъа, 240-умин рӯзи соли 2026 аст






