Мураббиёни дастаҳои мунтахаби Тоҷикистон ва Туркманистон баъди бозӣ ба рӯзноманигорон чӣ гуфтанд?

Ноябрь 10, 2016 11:12

khakim-fuzaylovДушанбе, 10.11.2016 /АМИТ «Ховар»/. Сармураббии дастаи мунтахаби Тоҷикистон Ҳаким Фузайлов дар нишасти матбуотии баъдибозӣ бо дастаи мунтахаби Туркманистон, ки бо ғалабаи футболбозони тоҷик бо ҳисоби 3:0 анҷом ёфт, бо изҳори қаноатмандӣ аз ҳунарнамоии бозингарон чунин гуфт: «Аз ҳама муҳим он аст, ки бозингарон он барномаеро, ки мо тарҳрезӣ кардаем, иҷро мекунанд ва тартиботро нигоҳ медоранд. Мо роҳи дурустро интихоб кардаем ва камбудиҳое, ки ба чашм расиданд, бартараф хоҳанд шуд. Ҷавонон низ бо бозингарони ботаҷриба баробар қадам мезананд, ки ин ба мо боварӣ мебахшад».
Дар мавриди баъди бо натиҷаи 2:0 ба сафи пеш баромадани дастаи мунтахаби Тоҷикистон, ки бозингарони мо бартариро ба меҳмонон дода, ба хати ҳимоя гузаштанд, Ҳаким Фузайлов бо ташвиш гуфт: «Ин гуна бозӣ кардан ҳеҷ мумкин нест. Агар дастаи пурқуввату ботаҷриба мебуд, футболбозони моро барои иваз кардани шакли бозӣ ҷазо медод. Дар ин масъала мо бо бозингарони даста суҳбат хоҳем кард».
tkm-coachАманклич Кочумов, сармураббии дастаи мунтахаби Туркманистон дастаи мунтахаби Тоҷикистонро бо ғалабааш табрик гуфта, арз кард, ки дар бозии баробар футболбозони тоҷик тавонистанд футболбозони туркманро ба шикаст рӯ ба рӯ кунанд. Ӯ гуфт: «Ҳуҷумҳои барқвори дастаи мунтахаби Тоҷикистон аз ҳимоя ба ҳуҷум бозингарони моро дар ғафлат гузоштанд ва мо ба хатоиҳои зиёд роҳ додем. Мураббиёни Шумо дастаи моро хуб омӯхтаанд. Ин бозӣ барои мо дарси хубе шуд ва мо аз камбудиҳо хулосаҳои зарурӣ хоҳем баровард».
Дастаи мунтахаби Туркманистон дар бозиҳои интихобии Ҷоми ҷаҳон соли гузашта дар як гурӯҳ бо дастаҳои мунтахаби Эрон, Уммон, Гуам ва Ҳиндустон шомил буд. Даста дар гурӯҳ дар ҷамъбасти мусобиқа бо 4 ғалаба, 1 мусовӣ ва се бохт бо касби 13 имтиёз зинаи сеюмро соҳиб шуд ва мустақиман ба бозиҳои интихобии Ҷоми Осиё- 2017 роҳхат гирифт. Туркманҳо дар майдонашон бо дастаи қавии Осиё- дастаи мунтахаби Эрон дар Тукманистон вохӯриашонро бо ҳисоби 1 бар 1 мусовӣ ҷамъбаст карда, дар сафар бо ҳисоби 3 бар 1 шикаст хӯрданд.
Ёдрас мешавем, ки дастаи мунтахаби Тоҷикистон 13-уми ноябр бозии навбатии рафиқонаро бо дастаи мунтахаби Афғонистон дар Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ (соати 16:00) баргузор мекунад.

Ноябрь 10, 2016 11:12

Хабарҳои дигари ин бахш

3 ОКТЯБР–РӮЗИ ТАЪСИСИ «ТЕЛЕВИЗИОНИ ТОҶИКИСТОН». Ин шабака дастовардҳои миллатро дар арсаи байналмилалӣ муаррифӣ менамояд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Эъломияи Душанбе оид ба инноватсия ва технологияҳои рақамӣ қабул гардид
Ҷаласаи якуми иҷлосияи сеюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
«ТОҶИКИСТОНИ РАҚАМӢ». Душанбе зимни баргузории Форуми байналмилалии TAJ-TECH 2026 ба майдони бузурги муаррифии дастовардҳои IT табдил ёфт
Дар Тоҷикистон сохтмони хонаҳои истиқоматӣ вусъат ёфтааст
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 28 дараҷа гарм мешавад
Муассисаҳои буҷетии ноҳияи Тоҷикобод бо ангишти кони Камароб пурра таъмин карда шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад