Мураббиёни дастаҳои мунтахаби Тоҷикистон ва Туркманистон баъди бозӣ ба рӯзноманигорон чӣ гуфтанд?
Душанбе, 10.11.2016 /АМИТ «Ховар»/. Сармураббии дастаи мунтахаби Тоҷикистон Ҳаким Фузайлов дар нишасти матбуотии баъдибозӣ бо дастаи мунтахаби Туркманистон, ки бо ғалабаи футболбозони тоҷик бо ҳисоби 3:0 анҷом ёфт, бо изҳори қаноатмандӣ аз ҳунарнамоии бозингарон чунин гуфт: «Аз ҳама муҳим он аст, ки бозингарон он барномаеро, ки мо тарҳрезӣ кардаем, иҷро мекунанд ва тартиботро нигоҳ медоранд. Мо роҳи дурустро интихоб кардаем ва камбудиҳое, ки ба чашм расиданд, бартараф хоҳанд шуд. Ҷавонон низ бо бозингарони ботаҷриба баробар қадам мезананд, ки ин ба мо боварӣ мебахшад».
Дар мавриди баъди бо натиҷаи 2:0 ба сафи пеш баромадани дастаи мунтахаби Тоҷикистон, ки бозингарони мо бартариро ба меҳмонон дода, ба хати ҳимоя гузаштанд, Ҳаким Фузайлов бо ташвиш гуфт: «Ин гуна бозӣ кардан ҳеҷ мумкин нест. Агар дастаи пурқуввату ботаҷриба мебуд, футболбозони моро барои иваз кардани шакли бозӣ ҷазо медод. Дар ин масъала мо бо бозингарони даста суҳбат хоҳем кард».
Аманклич Кочумов, сармураббии дастаи мунтахаби Туркманистон дастаи мунтахаби Тоҷикистонро бо ғалабааш табрик гуфта, арз кард, ки дар бозии баробар футболбозони тоҷик тавонистанд футболбозони туркманро ба шикаст рӯ ба рӯ кунанд. Ӯ гуфт: «Ҳуҷумҳои барқвори дастаи мунтахаби Тоҷикистон аз ҳимоя ба ҳуҷум бозингарони моро дар ғафлат гузоштанд ва мо ба хатоиҳои зиёд роҳ додем. Мураббиёни Шумо дастаи моро хуб омӯхтаанд. Ин бозӣ барои мо дарси хубе шуд ва мо аз камбудиҳо хулосаҳои зарурӣ хоҳем баровард».
Дастаи мунтахаби Туркманистон дар бозиҳои интихобии Ҷоми ҷаҳон соли гузашта дар як гурӯҳ бо дастаҳои мунтахаби Эрон, Уммон, Гуам ва Ҳиндустон шомил буд. Даста дар гурӯҳ дар ҷамъбасти мусобиқа бо 4 ғалаба, 1 мусовӣ ва се бохт бо касби 13 имтиёз зинаи сеюмро соҳиб шуд ва мустақиман ба бозиҳои интихобии Ҷоми Осиё- 2017 роҳхат гирифт. Туркманҳо дар майдонашон бо дастаи қавии Осиё- дастаи мунтахаби Эрон дар Тукманистон вохӯриашонро бо ҳисоби 1 бар 1 мусовӣ ҷамъбаст карда, дар сафар бо ҳисоби 3 бар 1 шикаст хӯрданд.
Ёдрас мешавем, ки дастаи мунтахаби Тоҷикистон 13-уми ноябр бозии навбатии рафиқонаро бо дастаи мунтахаби Афғонистон дар Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ (соати 16:00) баргузор мекунад.








Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа
Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон санади муҳиму сарнавиштсоз барои миллати тоҷик аст






