«Нақши мероси маънавии ниёгон дар гуфтугӯи фарҳангҳо»- Конфронси илмию амалии ҷумҳуриявӣ дар Маркази исломшиносӣ
Душанбе, 03.11.2016 /АМИТ «Ховар»/. Маркази исломшиносӣ дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон тасмим гирифтааст, ки 9 ноябри соли равон Конфронси илмию амалии ҷумҳуриявиро дар мавзӯи «Нақши мероси маънавии ниёгон дар гуфтугӯи фарҳангҳо» доир намояд.
Тавре аз Маркази исломшиносӣ ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, дар конфронс мавзӯъҳои «Вазъи кунунӣ ва мушкилоти пажӯҳиши мероси ниёгон», «Пайванди мероси маънавӣ бо фарҳанги муосири миллӣ дар таҷрибаи давлатдории навини тоҷикон», «Нақши робитаҳои адабӣ дар гуфтугӯи фарҳангҳо», «Таносуби арзишҳои миллӣ ва динӣ дар мероси фарҳангии ниёгон», «Нақши мероси ахлоқӣ дар ташаккули тафаккури созанда», «Эҳёи хотираи таърихӣ ҳамчун омили ташаккули худшиносии миллӣ», «Таҳаммулпазирӣ- арзиши меҳварии мероси маънавии ниёгон» ва «Фарҳанги миллӣ ва бунёди ҷомеаи шаҳрвандӣ» баррасӣ мешаванд.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок мешавад
Паҳлавонони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба кураш соҳиби шаш медал гардиданд
Ба ифтихори Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳамоишҳо баргузор мегарданд
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар Чэнду бо дастаҳои Кореяи Ҷанубӣ, Чин ва Ветнам бозӣ мекунад
Дар Хатлон Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои мошингарди минтақаи Ҳисор ба зимистон омода мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст






