Намояндагони 20 ширкати сайёҳии ҷумҳурӣ дар конфронси миллии сайёҳӣ ширкат намуданд
Рашт, 05.11.2016. /АМИТ «Ховар»/. Дирӯз дар шаҳраки Ғарми ноҳияи Рашт дар мавзӯи «Тоҷикистон- ҷавҳари кашфношуда: мушкилот ва дурнамо» конфронси миллии сайёҳӣ ва бегоҳи ҳамон рӯз Фестивали фарҳангию сайёҳии «Марҳамат ба Рашт» бо пешниҳоди намоиши ҳунарҳои мардумӣ ва барномаи фарҳангӣ баргузор шуд.
Тавре аз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Рашт хабар доданд, дар конфронс намояндагони 20 ширкати сайёҳии ҷумҳурӣ бо роҳбарии муовини раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Ризо Назарзода ширкат намуданд. Онҳо бартараф намудани мушкилоти соҳаи туризми минтақаи Раштро бо масъулини соҳа, дар якҷоягӣ бо намояндагони мақомоти маҳаллӣ ва идораҳои дахлдори минтақа баррасӣ намуданд.
Инчунин барои ҳалли масъалаҳои ҷойдошта, устодон, кормандони соҳаи мазкур дар минтақаи Рашт ба роҳбарони ширкатҳои сайёҳӣ ва масъулини соҳаи туризми ҷумҳурӣ пешниҳодҳои муфид намуданд.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа






