Неруи созандаи ҷавононро бояд ба рушди фарҳанг ва иҷрои рисолати ватандорӣ равона кард!
Душанбе, 19.11.2016 /АМИТ «Ховар»/. Масъалаи «Неруи созандаи ҷавонон дар рушди фарҳанг ва иҷрои рисолати ватандорию ифтихори миллӣ» зимни маҳфили фарҳангие дар Осорхонаи ҷумҳуриявии маданияти мусиқии ба номи Зиёдулло Шаҳидӣ мавриди баррасӣ қарор дода шуд.
Дар маҳфили фарҳангӣ устодон ва хонандагони Литсей-интернати президентӣ барои кӯдакони лаёқатманди Тоҷикистон иштирок доштанд.
Директори осорхона Юсуф Шоев дар мавриди арҷгузорӣ ба арзишҳои миллӣ, таҳкими сулҳу субот, мусоидат дар тарбияи фарҳангии ҷавонон, таблиғи ҳамаҷонибаи Ваҳдати миллӣ ва ватандӯстӣ сухан гуфт. Зикр гардид, ки ҳамкории осорхона бо литсей дар тарбияи фарҳангии насли наврас хеле назаррас ва муҳим мебошад.
Таълимгирандагони литсей аз осорхона дидан намуда, бо таърихи мусиқии ин даргоҳ шинос шуданд. Инчунин дастаи ҳаваскорони таълимгоҳ бо барномаи консертӣ табъи ҷамъомадагонро болида сохт.
Хотиррасон мекунем, ки Муассисаи давлатии Осорхонаи ҷумҳуриявии маданияти мусиқии ба номи Зиёдулло Шаҳидӣ марбут ба соҳаи фарҳанг ва осорхонашиносӣ буда, бо назардошти ташаккули фазои хуби фарҳангӣ фаъолият мекунад. Осорхона бо мақсади ғанӣ гардонидани ҷаҳони маънавӣ, шинохтани таърихи гузаштаву имрӯзаи мусиқии миллӣ ва таҳкими эҳсоси худшиносию ватанпарастӣ бо муассисаҳои таълимии пойтахт пайваста ҳамкорӣ менамояд.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа






