Нуробод: Туйчӣ Эшонов бинобар додани «ҳоҷиошӣ» 4000 сомонӣ ҷарима гардид
Нуробод, 08.11.2016. /АМИТ «Ховар»/. Суди ноҳияи Нуробод Туйчӣ Эшоновро, ки истиқоматкунандаи ҷамоати деҳоти Комсомолобод, деҳаи Тегирмии ҳамин ноҳия ва соҳиби чор фарзанди ноболиғ мебошад, бо моддаи 481 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон гунаҳгор дониста, ба ӯ бо ин модда ҷазо дар намуди ҷарима ба андозаи 100 (сад) нишондиҳанда, яъне 4000 сомонӣ ба фоидаи давлат таъйин намуд.
Суд муайян намудааст, ки дар натиҷаи гузаронидани санҷиш аз ҷониби кормандони Кумитаи оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну муросимҳои миллии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Нуробод, Туйчӣ Эшонов дар дохили манзили истиқоматиаш ба хотири баргаштани падараш Бегмаҳмад Эшонов аз зиёрати Хонаи Худо (Ҳаҷ) барои тақрибан 150-200 нафар меҳмонон дар як деги калон хӯрок (шӯрбо) омода кардааст. Инчунин дар ду ҳуҷра дастархон ороста, дар гирди онҳо тақрибан 15-20 нафарӣ машғули тановули хӯрок будаанд.
Бо ин кирдораш Туйчӣ Эшонов талаботи моддаи 12 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон»-ро вайрон намудааст.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






