Қоҳир Расулзода: «Тоҷикистон ба узвияти худ дар СҲШ афзалияти бештар медиҳад»
Душанбе, 03.11.2016. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар шаҳри Бишкеки Ҷумҳурии Қирғизистон ҷаласаи 15-уми Шӯрои сарони ҳукуматҳо-сарвазирони кишварҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай баргузор шуд, ки дар кори он Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода иштирок намуд.
Қабл аз оғози ҷаласаи навбатӣ Сарвазири мамлакат дар мулоқоти Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон Алмазбек Атамбоев бо роҳбарони ҳайатҳои расмӣ ширкат варзид.
Кори ҷаласаи 15-уми Шӯрои сарони ҳукуматҳо-сарвазирони кишварҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай нахуст бо вохӯрии хосаи роҳбарони ҳайатҳои иштирокчӣ оғоз гардида, баррасии масъалаҳои рӯзномаи ҷаласа дар нишасти доираи васеъ идома ёфт.
Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода зимни суханронии худ дар нишасти доираи васеи ҳайатҳо, аз ҷумла, таъкид дошт, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон ба узвияти худ дар Созмони ҳамкории Шанхай афзалияти бештар дода, ба рушди муносибатҳои дӯстона ва ҳамҷаворӣ бо давлатҳои аъзои ин созмони муътабари ҷаҳонӣ таваҷҷуҳи зарурӣ зоҳир менамояд. Тавре таъкид гардид, соли равон кишварҳои аъзои созмон 15 соли узвияти худро дар Созмони ҳамкории Шанхай натиҷагирӣ карда, нақшаю ниятҳои минбаъдаи худро, ки дурнамои рушди муносибатҳои байнидавлатии кишварҳои аъзоро фаро мегирад, тарҳрезӣ менамоянд.
Ба таъкиди Сарвазири мамлакат, Тоҷикистон ҳамчун аъзои фаъоли Созмони ҳамкории Шанхай ба рушди муносибатҳои байниҳукуматии давлатҳои аъзо дар соҳаҳои иқтисоду тиҷорат, роҳу нақлиёт, саноат, энергетика ва сармоягузорӣ аҳамияти зарурӣ дода, аз таъсиси камарбанди иқтисодӣ дар доираи Роҳи бузурги абрешим ва татбиқи якҷояи лоиҳаҳои бузурги минтақавии сохтмони роҳҳои оҳан ҷонибдорӣ менамояд.
Дар ҷаласаи навбатии Шӯрои сарони ҳукуматҳо-сарвазирони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай ба фаъолияти минбаъдаи Иттиҳоди байнибонкӣ ва дигар шӯроҳои назди созмон, корҳои ташкилию молиявии он, таъсиси Донишгоҳи Созмони ҳамкории Шанхай, Бонк ва Хазинаи рушди созмон таваҷҷуҳи зарурӣ зоҳир гардида, оид ба масъалаҳои рӯзномаи корӣ Эъломияи муштараки роҳбарони ҳайатҳо ва қарорҳои дахлдор қабул карда шуданд.
Сарони ҳукуматҳо-сарвазирони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай зимни нишасти навбатии худ ҳамчунин масоили марбут ба ҳамдастии муштарак дар мубориза ба зуҳуроти номатлуби ҷаҳони муосирро мавриди баррасӣ қарор дода, омодагию ҳавасмании кишварҳои худро барои рушду тавсеаи ҳамкорӣ дар ин самт таъкид намуданд.
Кори ҷаласаи навбатӣ дар нишасти матбуотӣ бо иштироки намояндагони сершумори васоити ахбори омма натиҷагирӣ шуда, раёсат дар Шӯрои сарони ҳукуматҳо-сарвазирони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай ба ҷониби Федератсияи Русия вогузор гардид.
Маврид ба ёдоварист, ки дар доираи ҷаласаи 15-уми Шӯрои сарони ҳукуматҳо-сарвазирони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай мулоқоти Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода бо Раиси Шӯрои давлатии Ҷумҳурии Мардумии Чин Ли Кетсян баргузор гардид. Дар мулоқот вазъ ва дурнамои ҳамкории байниҳукуматии Тоҷикистон ва Чин, инчунин ҷараёни иҷрои тавофуқоти дар сатҳи роҳбарони олии ду давлат бадастомада мавриди баррасӣ қарор дода шуд.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа






