«ОБИ ШИРИН ҲАМА ХӮРДЕМ ЗИ ҶӮИ ШЕЪРАШ…»

Ноябрь 20, 2016 18:36

bozor-sobir-3Душанбе, 20.11.2016./АМИТ «Ховар»/. Имрӯз, 20 ноябр, шоири шаҳири тоҷик, дорандаи Ҷоизаи давлатии ба номи Абӯабдулло Рӯдакӣ  Бозор Собир зодрӯз дорад ва онро, чун ҳамеша, хеле хоксорона, дар ҳалқаи дӯстону наздикон ва дар фазои шеър ва муҳаббат таҷлил менамояд.

Устод ба сини мубораки 78 қадам ниҳод ва солҳо боз, аз овони наврасию ҷавонӣ то имрӯз, ба қавли Хоҷа Ҳофизи Шерозӣ «сари зулфи суханро бо қалам шона зада», шеър мегӯяд. Ва шеърҳои оддӣ не. Шеъри Бозор Собир шеъри хос аст, шеъре, ки солҳо боз шоирони ҷавони мо аз он илҳом мегиранд,  ба он пайравӣ мекунанд ва мехоҳанд ҳамин гуна шеър гӯянд.

Бозор Собир 20 ноябри соли 1938 дар деҳаи Сӯфиёни ноҳияи Файзобод ба дунё омадааст ва ҳарчанд зодгоҳи худро дӯст медорад ва қисмате аз ашъори мондагори худро ба чеҳраҳо, боғу роғ, боду борон ва хору хаси Файзобод бахшидааст ва, тавре худаш қисса мекунад, борҳо ин ҳама чи дар Тоҷикистон ва чи  дар Амрико шабҳо ба хобаш даромадаанд, вале дар куҷо зода шудани суханваре чун Бозор Собир муҳим нест, муҳим он аст, ки ӯ шоири миллат аст, аз ғаму шодии миллат сурудааст ва Тоҷикистон барояш аз ҳама чиз азизтар ва болотар аст.  Аз ин лиҳоз худи ӯ низ бояд азизи ҳар як сокини ин марзу бум ва боиси ифтихори ҳамаи мо бошад, зеро миллату ақвоми оламро маҳз бо удабо ва уламои саршиносаш мешиносанд ва эҳтиром мекунанд. Тавре Аллома Иқболи лоҳури фармудааст:

Шоир андар синаи миллат чу дил,

Миллати бешоире анбори гил…

bozor-sobirbozor-sobir-7bozor-sobir-bo-saidkul-bilol-va-nizom-kosim

Устод Бозор Собир аз нахустин навиштаҳо ва нахустин маҷмӯаи шеърҳояш   худро ҳамчун шоири тавоно муаррифӣ намуд ва тадриҷан ашъори пурмаъно ва баландмазмунаш дили садҳо ва ҳазорҳо хонандаро тасхир намуд. Солҳои 70-80-уми асри гузашта ӯ бо ашъори соф миллии худ дар васфи Ватан, Модар, Тоҷикистон, забони тоҷикӣ, гузашта ва имрӯзи миллат дар ботини хонандаи тоҷик, билхосса ҷавонон, як шӯру шар ва як инқилоби маънавиеро ба вуҷуд овард, ки онро метавон худшиносии миллӣ номид. Шеърҳои «Забони модарӣ», «Теғи Сино», «Исмоили Сомони – Девори Бухоро буд» ва ғайра аз қабили чунин шеърҳои ватандӯстона ва ҷовидонаи шоиранд.

Ҳақ ба ҷониби Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аст, ки пайваста дар бораи аҳамият ва зарурияти баланд бардоштани  рӯҳияи худшиносии миллати тоҷик дар ин замони ҷаҳонишавии арзишҳо ва тамаддунҳо ва нооромии авзои ҷаҳон ҳарф мезананд ва таъкид мекунанд, ки агар мехоҳем чун миллат боқӣ монем ва пеш равем, бояд худшиносии миллиамонро ба ҳадди комил боло бардорем. Дар ин росто албатта ашъори баландмазмун ва ватандӯстонаи Бозор Собир чун мактаби бузурги худогоҳӣ ва худшиносии миллӣ метавонад нақши носутурданӣ дошта бошад.

Дар омади гап, Бозор Собир, ки  аз соли 1994 муддати қариб бист сол  дар Амрико ба сар мебурд, се сол муқаддам маҳз бо даъвати Пешвои миллат дубора ба Ватан баргашт. Ба қавли худаш, ӯ наметавонист даъвати фарзанди фарзонаи миллат Эмомалӣ Раҳмонро, ки тамоми ҳастии худро барои ободии ин диёр ва хушрӯзии ин миллат бахшидааст, напазирад, зеро ҳадафи аслии худи ӯ низ дар зиндагӣ хидмат кардан ба халқу Ватани азизаш аст. Бозор Собир роҷеъ ба фидокориҳои Пешвои миллат бо номи «Қаҳрамони миллат» шеъре навишт, ки ҳамоно вирди забонҳо шуд:

Номи туро нависем, эй қаҳрамони ваҳдат,

Бо оби ноби тилло дар тоқи қасри миллат!..

Дигар аз суханварони тавонои тоҷик, Шоири халқии Тоҷикистон, дорандаи Ҷоизаи давлатии ба номи Абӯабдулло Рӯдакӣ Низом Қосим дар бораи Бозор Собир гуфтааст:

Он ки як умр ватан сохт зи хишти суханаш,

Худ чу маънии ғариб асту сухан чун ватанаш…

…Оби ширин ҳама хӯрдем зи ҷӯйи шеъраш,

Ёди мардона биёрем чу як Кӯҳканаш!

Ва мо имрӯз ба Бозор Собир мегӯем:

Барои оби ширину сафобахш ва нерубахши ҷӯи мусаффои шеъри нобатон ба Шумо изҳори сипос мекунем! Зодрӯзатон муборак бошад, устод!

                                                                        Саидалӣ СИДДИҚ,

                                                             Директори АМИТ «Ховар»

 

 

 

Ноябрь 20, 2016 18:36

Хабарҳои дигари ин бахш

СОЛИ МАЪРИФАТИ ҲУҚУҚӢ. Дар Кумитаи ҳифзи муҳити зист дар ин мавзуъ ҳамоиш баргузор гардид
Теъдоди ҳалокшудагони ҳодисаи обхезӣ дар АМА ва Уммон ба 20 нафар расид
Шавкат Мирзиёев: «Тоҷикистон барои Узбекистон шарики боэътимоди стратегӣ ва дӯсти наздик дониста мешавад»
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат пешгӯӣ мешавад
Тошканд пойтахти ҷавонони Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил гардид
Таҷдиди неругоҳи «Қайроққум» бомаром идома дорад
Байни Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ва панҷ донишгоҳи Узбекистон шартномаи ҳамкорӣ баста шуд
Оё Тоҷикистонро пешрафти рақамӣ интизор аст?
Дар шоҳроҳи Душанбе — Чанок теъдоди қуттиҳои махсус барои партов ба 70 адад расонида мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои бебориш пешгӯӣ мешавад
Барои арзёбии таъсири эҳтимолии офатҳои табиӣ ба устувории қарзи Арманистон, Тоҷикистон ва Қирғизистон санади корӣ таҳия гардид
Бар асари обхезӣ дар Танзания 1000 нафар бе сарпаноҳ монд