Ҳодисаҳои истифодаи ғайриқонунии барқро тавассути телефонҳои боварӣ ошкор намоед!
Душанбе, 1.11.2016 /АМИТ «Ховар»/. Бо мақсади риояи ҷадвали маҳдудият аз тарафи шабакаҳои барқии тобеи ШСХК «Барқи тоҷик», ошкор намудани истифодаи ғайриқонунии барқ, ки зарараш ба тамоми ҷомеа мерасад ва сабабгори вайрон шудани танзими таъминот мегардад, инчунин фаҳмидани муносибати кормандони соҳаи барқ ба муштариён дар ШСХК «Барқи тоҷик» телефонҳои боварӣ ташкил шудаанд.
Тавре ки аз ширкати «Барқи тоҷик» хабар доданд, навбатдороне, ки ба таври шабонарӯзӣ кор мекунанд, ҳар занги муштариёнро ба қайд гирифта, оҷилона ба танзимгарон ва масъулони таъминоти барқи Хадамоти марказии танзими ширкат ва шабакаҳои барқии минтақаҳо мерасонанд ва сари вақт тадбирҳои амалӣ меандешанд. Фаъолияти навбатдорон ва тадбирҳои андешидаи масъулон дар ин бобат дар назди раиси ширкат баррасӣ мегардад.
Ҳар як муштарӣ имкон дорад тавассути ин телефонҳо бо ШСХК «Барқи тоҷик» дар тамос шавад ва дар бораи ҳодисаҳои истифодаи ғайриқонунии барқ, ки амалан ғорати як қисмати ҳаққи рӯшноиву гармии ҳамаи мост, маълумот диҳад. «Мо пешакӣ ба чунин шахсони дорои масъулияти баланди шаҳрвандӣ изҳори миннатдорӣ намуда, махфӣ нигоҳ доштани ному насаби онҳоро кафолат медиҳем. Тавассути телефони боварӣ бо мо ҳамкорӣ намудан ба манфиати ҳар як шахси мушаххас ва тамоми ҷомеа мебошад. Муштариён метавонанд тариқи телефонҳои 235-86-74; 235-86-84; 610-60-50 бо мо дар тамос шаванд»,-иброз дошт мутахассиси ширкат.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа






