Қосим Роҳбар: «Конститутсия асосҳои сиёсиву ҳуқуқӣ ва самтҳои асосии таҳкиму пешрафти кишварро мутобиқи меъёрҳои эътирофшудаи муосир муқаррар кард»

Ноябрь 5, 2016 13:03

Душанбе, 05.11.2016. /АМИТ«Ховар»/. 4 ноябр дар Кумитаи рушди маҳали назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи васеи кории назди Раиси Кумита баргузор гардид. Тавре аз Кумитаи мазкур хабар доданд, дар ҷаласа Раиси Кумита Қосим Роҳбар кормандонро бо 22-юмин солгарди Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон табрик гуфт. Ҳамчунин маcъалаҳо оид ба иҷрои супориши Протоколи маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, банди 16 дар бораи «Шиносоӣ бо натиҷаи таҳқиқоти маҷмӯии сотсиологӣ оид ба арзёбии вазъи коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», ки дар баромади Директори Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон зикр шуда буд, баррасӣ гардиданд.
Раиси Кумита зикр намуд, ки «Конститутсияи Тоҷикистони соҳибистиқлол дар таърихи навини кишвар санади воқеан таърихӣ ва тақдирсози миллат аст ва он Истиқлолияти давлатии тоҷиконро дар сатҳи қонунии олии мамлакат сабт намуда, асосҳои сиёсиву ҳуқуқӣ ва самтҳои асосии таҳкиму пешрафти онро дар оянда мутобиқи меъёрҳои эътирофшудаи муосир муқаррар кард».

Ноябрь 5, 2016 13:03

Хабарҳои дигари ин бахш

Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар Чэнду бо дастаҳои Кореяи Ҷанубӣ, Чин ва Ветнам бозӣ мекунад
Дар Хатлон Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои мошингарди минтақаи Ҳисор ба зимистон омода мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид