Озмуни муаллим, донишҷӯ ва хонандаи сол ҷамъбаст шуд
Душанбе, 10.11.2016 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз, 10 ноябр дар Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон озмуни «Муаллими беҳтарин», «Донишҷӯи беҳтарин» ва «Хонандаи беҳтарини сол» ҷамъбаст гардид. Дар ин бора аз Вазорати фарҳанги Ҷумурии Тоҷикистон ба хабарнигори АМИТ «Ховар» хабар доданд.
Озмуни мазкур моҳи октябри соли равон бо мақсади ҳавасмандгардонӣ, тарғиби навҷӯию эҷодкорӣ, баланд бардоштани маҳорати касбӣ, истифодаи таҷрибаи пешқадам эълон гардида, дар он муассисаҳои зертобеи Вазорати фарҳанги Ҷумурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе, аз ҷумла, Консерватория, мактабҳои санъат, коллеҷҳо, донишкадаҳо иштирок намуданд ва тибқи шартҳои муқараргардидаи озмун хонанда, донишҷӯ ва омӯзгори беҳтарини сол муайян шуданд.
Аз рӯи ҷамъбасти озмун муаллимаи калони кафедраи созҳои мусиқии Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи М.Турсунзода Зарина Атоева, мудири кафедраи фортепианои тахассусӣ ва созҳои оркестрии Консерваторияи миллии Тоҷикистон ба номи Т. Сатторов Нигина Обидова, мудири кафедраи мусаввирӣ ва ҳайкалтарошии Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон Мизроб Холов, омӯзгори фанҳои ҷамъиятии Коллеҷи санъати шаҳри Душанбе ба номи А.Бобоқулов Моҳбегим Ғафурова, омӯзгори фанни рақси саҳнавӣ ва классикии шуъбаи рақси муосир ва халқии Коллеҷи ҷумҳуриявии хореографии ба номи М. Собирова Татяна Азамова, омӯзгори шуъбаи «Таълими мусиқӣ»-и Коллеҷи фарҳанги ҷумҳуриявӣ ба номи П. Бӯйдоқов Зафар Абдуллоев, омӯзгори фанни тахассусии Коллеҷи ҷумҳуриявии рассомии ба номи М.Олимов Раҳим Сафаров, муовини директор оид ба таълими санъати Мактаб- интернати миёнаи махсуси санъати ҷумҳуриявӣ ба номи М.Атоев Осуда Насрудинова ва мудири шуъбаи фортепианои Мактаб-интернати миёнаи махсуси мусиқии ҷуҳуриявӣ ба номи З.Шаҳидӣ Ванда Макиевская муаллими беҳтарини сол дониста шуданд. Ҳамчунин 7 нафар донишҷӯён ва ду нафар хонандагони синфи 8 ва 9 донишҷӯ ва хонандаи беҳтарини сол интихоб шуданд.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар шаҳри Душанбе ҷашни Меҳргон таҷлил мегардад
Дар Тоҷикистон ҷамъоварии меваи анор оғоз гардидааст
Дар Академияи идоракунии давлатӣ даври шаҳрии озмуни «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир шуд
Тоҷикистон ва Кувайт ҳамкориро дар арсаҳои фанновариҳои иттилоотӣ ва фарҳанг баррасӣ намуданд
Маҷлиси намояндагон ду созишномаи ҳамкории Тоҷикистонро бо Фонди авруосиёии субот ва рушд тасдиқ намуд
Дар Душанбе доир ба Шабакаи иқлимии TajCN ҳамоиш баргузор гардид
Тоҷикистон ва Корея ҳамкориро дар самти рақамикунонии китобдорӣ густариш медиҳанд






