Парчами давлатӣ- рамзи ғалаба ва муваффақият аст

Ноябрь 24, 2016 16:55

Душанбе, 24.11.2016 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар филиали Донишгоҳи давлатии Маскав ба номи М.В. Ломоносов дар шаҳри Душанбе таҳти унвони «Парчами миллӣ- рамзи давлатдорӣ» ҳамоиш багузор гардид.
Дар ҳамоиши мазкур донишҷӯёни курси 1 донишгоҳ иброз доштанд, ки: «Парчами миллии Тоҷикистон 24 ноябри соли 1992 дар иҷлосияи Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ шуда, он 1 августи соли 2011 ҳамчун парчами аз ҳама баландтарини ҷаҳон дар китоби «Рекордҳои Гиннес» дохил карда шуд».
Наврӯзи Давлат, омӯзгори забони тоҷикии филиали Донишгоҳи давлатии Маскав ба номи М.В. Ломоносов дар шаҳри Душанбе иброз дошт, ки парчам ин рамзи давлату давлатдорӣ, ғалаба ва муваффақият мебошад.
«Тавре аз «Шоҳнома»-и Абулқосим Фирдавсӣ бармеояд, 1000 сол қабл аввалин шуда, парчамро Коваи оҳангар истифода кард. Ӯ пешдомани чармини худро ба сари найза баста, боло бардошт ва бар зидди Заҳҳок мубориза бурд. Аз ин рӯ Парчами миллӣ рамзи мубориза ва ғалаба дониста шудааст»,- афзуд Наврӯзи Давлат.

Ноябрь 24, 2016 16:55

Хабарҳои дигари ин бахш

Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад