«Парчами миллӣ рамзи содиқ будан ба сарзамину истиқлолият аст»-бардошт аз ҷамъомади тантанавӣ бахшида ба Рӯзи Парчами давлатӣ дар «Тоҷикстандарт»-и Хатлон
Душанбе, 23.11.2016. /АМИТ «Ховар»/. Дар Маркази стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва нозироти савдои вилояти Хатлон бо иштироки кормандон ва меҳмонон бахшида ба Рӯзи Парчами давлатии Тоҷикистон ҷамъомади тантанавӣ доир гардид. Дар ин бора ба хабарнигори АМИТ «Ховар» аз Маркази стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва нозироти савдои вилоят хабар доданд.
«Парчами миллӣ рамзи муқаддаси давлатдорӣ, нангу номус, нишони ифтихор аз Ватан ва содиқ будан ба сарзамину истиқлолияти худ аст. Он барои таҳкими худшиносии миллӣ, ваҳдату истиқлолият ва якпорчагии Тоҷикистони азиз нақши муассир мегузорад. Мо бояд дар назди Парчами миллӣ ватандӯстона эҳтиром зоҳир бикунем, ҳамеша, дар ҳама ҷо, дар ҳар маврид онро пос дорем ва барои ҳимояи он омода бошем».,-иброз дошт роҳбари марказ дар вилояти Хатлон Диловар Пирназарзода зимни табрики кормандон бо Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Меҳмонон ва иштирокдорон дар бораи нақши Парчам дар таърихи давлатдории тоҷикон, заминаҳои ҳуқуқии истифодаи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва такмили минбаъдаи он сухан гуфта, оид ба таърихи парчамдории тоҷикон ҳамчун рамзи давлатӣ, аҳамият ва моҳияти Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, санадҳои меъёрӣ ҳуқуқӣ оид ба тарзҳои истифодаи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон андешаҳои худро иброз доштанд.
Зикр гардид, ки имрӯз воқеан мардуми мо ба як рукни муқаддаси миллии худ — Парчами давлатии Тоҷикистон эътиқоду эҳтироми хоса доранд ва ба он арҷ мегузоранд.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои бебориш дар назар аст
Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад
Муколамаи чоруми минтақавӣ оид ба иқтисоди даврӣ дар Осиёи Марказӣ баргузор гардид
Дар шаҳри Душанбе ҷашни Меҳргон таҷлил мегардад
Дар Тоҷикистон ҷамъоварии меваи анор оғоз гардидааст
Дар Академияи идоракунии давлатӣ даври шаҳрии озмуни «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир шуд
Тоҷикистон ва Кувайт ҳамкориро дар арсаҳои фанновариҳои иттилоотӣ ва фарҳанг баррасӣ намуданд






