«Парчами миллӣ-рамзи ҳувиятсози тоҷикон»-ҳамоиш дар Пажӯҳишгоҳи илмӣ-тадқиқотии фарҳанг ва иттилоот

Ноябрь 22, 2016 16:09

Душанбе, 22.11.2016 /АМИТ «Ховар»/. «Парчами миллӣ-рамзи ҳувиятсози тоҷикон»-таҳти чунин унвон имрӯз, 22 ноябр дар Пажӯҳишгоҳи илмӣ-тадқиқотии фарҳанг ва иттилооти Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳфил баргузор гардид. Ба иттилои хабарнигори АМИТ «Ховар», маҳфил ба Рӯзи парчами Тоҷикистон, ки ҳамасола 24 ноябр ҷашн гирифта мешавад, бахшида шуд.
Директори ПИТФИ, номзади илмҳои педагогӣ, дотсент Шариф Комилзода баён намуд, ки парчам аз замонҳои хеле қадим рамзи давлатдорӣ, шукӯҳу истиқлол ва нангу номус буд.
«Аввалин парчами қадимии тоҷикон дирафши Ковиён ном дошт, ки он ҳамчун рамзи ваҳат ва ягонагии давлатдорӣ қабул шуда буд. Он дирафш дар таърих ва тамаддуни миллати тоҷик нақш ва мавқеи хоса дошт. Дар «Шоҳнома»-и Фирдавсӣ омада, ки ҳар як паҳлавони бузурги сарзамини аҷдодии мо дирафши хоси худро дошт. Хушбахтона, бо шарофати истиқлолият тоҷикон соҳиби парчами миллӣ- таҷассумгари гузаштаи шоёну ояндаи дурахшони худ гардиданд. Дар замони муосир доштани парчами миллӣ ин нишони истиқлолият, рамзи давлатдорӣ ва ваҳдати миллӣ мебошад. Давлати муосир тавассути парчами он муаррифӣ мегардад»,-иброз дошт Шариф Комилзода.
Мудири шуъбаи эҷодиёти мардумӣ ва таҳлилию методии ПИТФИ Зафар Холмуродов иброз намуд, ки эҳтироми парчами давлатӣ ва расидан ба қадри он ҳамчун яке аз рамзҳои муқаддаси ватани соҳибистиқлол аз ҷумлаи вазифаҳои ифтихорӣ ва қарзи шаҳрвандии аҳли ҷомеаи мо ба ҳисоб меравад.
«Таърих гувоҳи он аст, ки миллатҳои гуногун давлатдории худро зери парчам ҳифз ва поягузорӣ намуда, орзую мароми худро дар ин рамзи давлатӣ нақшгузорӣ намудаанд. Парчам муттаҳидкунандаи миллат буда, имрӯз мардуми тоҷик меҳру муҳаббати худро нисбат ба парчами давлатӣ дар шеъру суруд ва дигар офаридаҳояшон таҷассум мекунанд»,-илова намуд Зафар Холмуродов .
Дар маҳфил инчунин тасвирҳо оид ба таърихи Парчами миллӣ таҳти унвони «Парчам дар масири таърих» намоиш дода шуд. Меҳмонон инчунин имкон доштанд аз мусаввара ва китобҳои тозанашри пажӯҳишгоҳ дидан намоянд.

Ноябрь 22, 2016 16:09

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа